Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз инфиҷори метеорит ҳазор кас осеб дидааст


Теъдоди осебдидагон аз инфиҷори метеорит дар вилояти Челябински Русия ба ҳазор нафар расид. Ба гуфтаи табибон, дусад нафари онҳо кудаконанд. Бештари одамон аз шишапораҳои баҳам рехтаи тирезаҳо ҳангоми инфиҷори метеорит захмӣ шудаанд.

Айни ҳол мақомоти маҳаллӣ дар се минтақаи вилояти Челябинск – дар ду мавзеи ноҳияи Чебаркул ва дар ноҳияи Златоуст пораҳои метеоритро ошкор кардаанд. Қарор аст, ки субҳи рӯзи шанбе гурӯҳи олимон аз ин мавзеъҳо дидан кунанд.

Сокинони панҷ минтақаи Русия – Тюмен, Свердловск, Челябинск, Қурғон ва Башқордистон рӯзи ҷумъа шоҳиди “борони метеоритӣ” шуданд.

Муҳаммад Эгамзод,сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари инфиҷори метеорит дар вилояти Челябинск ба ягон шаҳрванди Тоҷкиистон осебе нарасидааст. Ӯ афзуд, ки аз соатҳои аввали ҳодиса сафорат бо ҷамъияти тоҷикон дар Урал ва мақомоти вилояти Челябинск дар тамос аст.
XS
SM
MD
LG