Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони молия "ҷангҳои асъори"-ро баррасӣ мекунанд


Дар Маскав рӯзи ҷумъа нишасти вазирони молияи кишварҳои узви “бистгонаи бузург” ифтитоҳ шуд. Ин нишаст, ки қарор аст ду рӯз идома кунад, ба мавзӯъи “ҷангҳои асъорӣ”, яъне таъсиргузории бархе кишварҳо ба асъори миллияшон ба хотири таъмини рушди иқтисод, бахшида мешавад. Гуфта мешавад, ки аз ҷумла, ҳукумати Ҷопон бо қабули баъзе чораҳо қимати пули миллияш - йенаро тақрибан 20 дар сад коҳиш дод.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ифтитоҳи нишаст гуфт, ки “вазъи иқтисодии олам аз сарони кишварҳо амалҳои фаврӣ ва ҳамоҳангшударо тақозо мекунад ва айни ҳол ягон кишвар тавони тани танҳо муқовимат кардан бо бӯҳронро надорад”.

Мулоқоти вазирони гурӯҳи “Бистгонаи бузург” бори аввал дар Маскав баргузор мешавад – Русия алҳол раиси даврии ин гурӯҳ аст.
XS
SM
MD
LG