Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи 139 кило маводи мухадир дар Тоҷикистон


I

I

Кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи мутташакили қочоқбари маводи мухаддирро дастгир ва аз онҳо онҳо тақрибан 139 кило маводи мухаддир, аз ҷумла, ҳудуди 45 кило ҳероинро мусодира намуданд.

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар робита ба ин ҳодиса даҳ нафар, аз ҷумла, ду корманди милиса, ду низомии нерӯҳои марзбонӣ ва як корманди мақомоти амниятӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ мехост маводи мухадирро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия интиқол диҳад – ба ин, аз ҷумла, рақамҳои тақаллуби мошинҳое далолат мекунанд, ки ҳангоми амалиёт ошкор карда шуданд.

Дар робита ба ин ҳодиса чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG