Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони аҳзоби исломӣ аз Мурсӣ ҳимоят карданд


Ҳазорон ҷонибдорони аҳзоби исломии Миср рӯзи ҷумъа гирдиҳамоӣ ба хотири пуштибонӣ аз раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро доир намуданд.

Ҳамоиши мавсум ба “Ҳамроҳ алайҳи хушунат” аз сӯи гурӯҳи салафии “Ал-Ҷамъия-ал-Исломия” ташкил карда шуд. Гирдиҳамомадагон хушунат дар ҳамоишҳои мухолифини Мурсиро маҳкум намуданд. Ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, ки Мурсӣ аз он намояндагӣ мекунад, аз ҳамоиши рӯзи ҷумъа ба таври рамзӣ пуштибонӣ кард.

Бар асари нооромиҳо дар Миср, ки охири моҳи гузашта дар дуввумин солгарди эътирозҳо алайҳи ҳукумати раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак баргузор шуданд, тақрибан 60 нафар ҷон бохтанд. Эътирозгарон Муҳаммад Мурсиро дар он айбдор намуданд, ки инқилобро аз онҳо рабудааст ва ваъдаҳояш барои ислоҳоти демократиро иҷро намекунад ва фақат аз манфиатҳои ҳизбҳои исломгарӣ пуштибон аст.

Хушунат дар Миср баъд аз он шадидтар шуд, ки додгоҳ 21 нафари муттаҳам дар ташкили бенизомиҳо ва ҳалокати одамон дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид дар тақрибан як соли пешро маҳкум ба эъдом кард.
XS
SM
MD
LG