Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҳукумати Хайбар аз ҳамла ҷон ба саломат бурд


Амир Ҳайдархон Ҳотӣ (аз рост)
Амир Ҳайдархон Ҳотӣ (аз рост)
Раиси ҳукумати вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон рӯзи ҷумъа аз ҳамлаи як маргталаб ҷон ба саломат бурд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, маргталаб худро дар ҳоле инфиҷор кард, ки корвони мошинҳои Амир Ҳайдархон Ҳотӣ аз як хиёбони шаҳри Мардон мегузашт.

Як мансабдори полис гуфт, муҳофизони Ҳотӣ маргталабро то расиданаш ба корвон ҳадафи тир қарор доданд. Аммо маргталаб тавонист худро тарконад ва дар натиҷа ду нафар ҷарҳоат бардоштанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Таҳрики Толибон”-и Покистон бар ӯҳда гирифт. Моҳи декабри соли гузашта ин гурӯҳ худро масъулияти ҳамла ба дигар аз мақомоти аршади вилоят Башир Билур ҳангоми як мулоқоти сиёсӣ дар Пешовар эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG