Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол Наврӯз дар пойтахти Русия назар ба солҳои пешин бошукӯҳтар таҷлил мешавад.

Раёсати ҳамкорихои байниминтакаӣ, сиёсати миллӣ ва робита бо муассисахои динии ҳукумати шахри Маскав ахиран тасмим гирифт, ки ҷашни умумишаҳрии «Наврӯз-2013» рӯзи 24 март дар Кохи давлатии марказии консертии «Россия», воқеъ дар мавзеи «Лужники»-и пойтахти Русия, баргузор шавад.

Дар ин бора ба мо Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, хабар дод. Ӯ гуфт, рӯзи ҷашн дар ҷаласае таҳти сарварии раҳбари Раёсати ҳамкориҳои байниминтақаӣ, сиёсати миллӣ ва робита бо муассисахои динии ҳукумати шахри Маскав Юрий Артюх ва бо ширкати намояндагони сафоратхои кишвархои узви Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, сарраёсатхои дахлдори ҳукумати шаҳр ва созмонҳои ҷамъиятию миллии Русия мушаххас шуд. Ба кумитаи тадорукоти “Наврӯз-2013”, атташеи фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаррам Қодирӣ шомил шудааст.

Муҳаммад Эгамзод

Муҳаммад Эгамзод

Муҳаммад Эгамзод афзуд, дар назар аст, ки чун солҳои пеш ҷашни наврӯзии Маскав бо ширкати ҳунармандон аз кишварҳои бо Наврӯз алокаманд – Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазокистон, Ӯзбакистон ва ҷумхуриҳои Тотористону Бошкирдистони Русия баргузор шавад. Ҳамчунин, дар рӯзи ин иди ниёгон ҳар яке аз ин кишварҳо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии худро ба маърази намоиш хоханд гузошт.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, соли гузашта, барномаи наврӯзии тоҷикон рангину чолиб буд. Ромишгари хушсалиқа Муҳаммадвалӣ Орзуев, ҳунарманди шинохта Саъдии Буризод, раққоса Зайнаб Юсуфова, ки барои ширкат дар ҷашн аз Тоҷикистон даъват шуда буданд, бо оҳангу тарона ва рақсҳои дилошӯби тоҷикӣ ҳамаро шефтаву мафтун карданд. Ӯ афзуд, имсол низ сафорат талош дорад, то дар баргузории Наврӯзи умумишахрии Маскав нақши умда дошта бошад ва феълан масъалаи даъвати ҳунармандони шинохта аз Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, ки «маҳз тоҷикон Наврӯзро дар хотираи миллатҳои дигари маскуни ин кишвари масеҳӣ, ки зимнан аҷдодонашон бар он алоқамандӣ доранд, дубора эҳё карданд. Ёдам меояд, вақте солҳои пеш ҷамъиятҳои тоҷикон дар паҳнои Русия, аз Калининград то Владивосток, аз Мурманск то ба Краснодар омад-омади баҳор ва Наврӯзро тантана мекарданд, мардуми таҳҷоӣ ва муҳоҷирони кишвархои дигар ба тааҷҷуб ба онҳо менигаристанд. Баъдан дидем, ки онҳо дар ин тантанаҳо ширкат мекарданд ва ниҳоят аз он гарм истиқбол намуданд».

Дипломати тоҷик умедвор аст, Наврӯз ҷамъиятҳои гуногуни миллии тоҷикони муқими Россияро, ки, ба гуфтаи ӯ, гирифтори маризии маҳалгароиянд, муттаҳид месозад. "Мо сари ин масъала кор мебарем ва умед аст, ки масъулин муҳим будани ин чизро дарк мекунанд ва ба хотири муттаҳидии ҳамватанон саъй меварзанд. Дар ин сарзамин, ки мардумонаш ба фарҳанг алоқамандии зиёд доранд, мо бояд ҷойгоҳи арзандае барои таблиғи Ватану миллату фарҳанги худ дуруст кунем», мегӯяд Муҳаммад Эгамзод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG