Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

138 кило "бор" то ба манзил нарасид


Кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бузургтарин дар соли равон миқдори маводи мухаддирро мусодира карданд.

Дар ҷараёни як амалиёти вижа аъзои гурӯҳи муташаккили қочоқбари маводи мухадир дастгир ва аз онҳо 138.78 кило маводи мухаддир, аз ҷумла, 44.78 кило ҳероинро мусодира шуд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар робита ба ин ҳодиса даҳ нафар, аз ҷумла, ду корманди милиса, ду низомии нерӯҳои марзбонӣ ва як корманди мақомоти амниятӣ боздошт шудаанд.

Хабаргузории “Ховар” ҳам аз қавли Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва бо такя ба тафтишоти пешакӣ, хабар додааст, ки “бор"-и мазкур ба шаҳрвандон Саидхон Тиллоев, зодаи ноҳияи Восеъ, сокини шаҳри Чкалов ва Сайфулло Маҳмадшоев, сокини ноҳияи Фархор, тааллуқ дорад. Гуфта мешавад, маводи мухаддирро шаҳрванди Афғонистон Осиф тавассути убури ғайриқонунии марзи давлатӣ дар қаламрави ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ прапоршик Зайниддин Аҳмадов, зодаи деҳаи Даханаи шаҳри Кӯлоб, прапоршики калон Тоҷиддин Бердиев, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Абдулҳамид Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб супурдааст.

Хабарҳо ҳокист, ки кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ҷараёни интиқоли маводи мухадирро аз аввал таҳти назорат доштанд. Қочоқбарон маводи мухадирро ба ду қисм – ҳашиш ва ҳероин тақисм карда, онҳоро алоҳида ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. Дар марҳалаи аввали амалиёт ҳангоми тафтиши мошини ГАЗ-31 тақрибан 45 кило ҳероин ва дар марҳалаи дуввум дар як мошини тамғаи "Мерседес" дар микрорайони 33-юми пойтахт 94 кило ҳашиш ошкор ва мусодира шуд.

Масъулини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтаанд, ки гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ мехост маводи мухадирро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия интиқол диҳад – ба ин, аз ҷумла, рақамҳои тақаллуби мошинҳое далолат мекунанд, ки ҳангоми амалиёт ошкор карда шуданд.

Дар робита ба ин ҳодиса чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бар пояи иттилои расмӣ, соли 2012 сохторҳои интизомии Тоҷикистон 5 тоннаву 978 кило маводи мухадирро ошкор ва мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG