Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кавазович: “Дари тими миллӣ ба рӯи касе пӯшида нест”


Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон
Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Никола Кавазович, мутахассиси сербиягӣ, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои ин гуруҳ дар пойтахти Қирғизистон, шаҳри Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов аз 17-ум то 21-уми марти соли равон баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон 17-уми март бо дастаи Покистон, 19-уми март бо тими Макао ва 21-уми март бо тими Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.

Шореҳи варзиши радиои “Озодӣ ” Нарзуллоҳи Латиф бо Никола Кавазович ҳамсуҳбат шуд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ба чанд савол посух бидиҳад.

Озодӣ: Ҷаноби Кавазович, лутфан дар бораи нақшаҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон каме нақл мекардед.

Кавазович: Ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаб, ки рӯзи 3-юми март дар шаҳри Қайроққум шурӯъ мешавад, аввалан 15 бозигар ва 4 дарвозабон даъват шудаанд. Ба нақша гирифтаем, ки бозигарони дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода баъди анҷоми нахустин бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми АФК рӯзи 8-уми март ба мо ҳамроҳ мешаванд. Ҳамчунин, ду легионер - Давронҷон Эргашевро аз дастаи «Иртиш»-и Қазоқистон ва Фарҳод Восиевро аз тими «Волгар»-и Астрахани Русия дар Бишкек интизорем.

Озодӣ: Киҳоро ба дастаи мунтахаб даъват кардаед?

Кавазович: Ман 27 нафарро ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ даъват намудаам, ки рӯйхати онҳо ҳам дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳам дар сомонаи радиои “Озодӣ” пешакӣ нашр шуда буд. Инҳо дар ҳоли ҳозир беҳтарин бозигарони Тоҷикистон ба шумор мераванд. 12 футболбоз аз тими “Истиқлол”-и Душанбе даъват шудаанд. 7 бозигар аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, 4 нафар аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд мебошанд. Ба дастаи мунтахаби кишвар боз ду нафари дигар - дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, ки дар айни ҳол дар ягон даста бозӣ намекунанд, даъват шудаанд. 23 нафари онҳо ба дархости даста барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар Бишкек дохил мешаванд.

Озодӣ: Мухлисони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мепурсанд, ки чаро ба дастаи мунтахаби кишвар ягон бозигарро аз тими қаҳрамони Тоҷикистон даъват накардед?

Кавазович: Ман фикр мекунам, ки ба ин савол аллакай посух додам. Ба фикри ман, беҳтарин бозигарони тоҷик ба дастаи мунтахаб даъват шудаанд. Дар бораи бозигарони “Равшан” ҳаминро гуфтаниам, ки онҳо дар моҳи март дар Ҷоми АФК дар сафар бозӣ мекунанд ва онҳо дертар ба Ватан бармегарданд ва аз ин сабаб имкони даъвати онҳоро дар ҳоли ҳозир ба дастаи мунтахаб надорем. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар ҳамин ҳол ман 27 бозигари беҳтарини Тоҷикистонро ба даста даъват кардаам. Ба ман он чиз муҳим нест, ки кӣ дар кадом даста бозӣ мекунад. Дари тими миллӣ ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Ман дарвозабони “Равшан” Рустам Ризоевро дар қатори се дарвозабони беҳтарин ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар муносиб медонам, вале, чунон ки гуфтам, “Равшан” баъди бозии Ҷоми АФК дар сафар дертар ба Тоҷикистон бармегардад, бинобар ин, дер мешавад.

Озодӣ: Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон чӣ гуна шароит муҳайёст?

Кавазович: Хуб мебуд, ин саволро пас аз он ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ мешуд, медодед. Вале, гуфтан лозим аст, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла дабири кулли ФФТ Фирдавс Файзуллоев, кӯшиш мекунанд, ки барои дастаи мунтахаб шароити заруриро фароҳам созанд, ҳарчанд ки муҳлати ҷамъомад хеле кӯтоҳ, ҳамагӣ 10 рӯз аст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:12 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми АФК дар назди дастаи мунтахаби Тоҷикистон чӣ гуна вазифа гузошта шудааст ва дар бораи рақибони худ чӣ андеша доред?

Кавазович: Бояд гуфт, ки нисбат ба дигар гуруҳҳо, ҳайати гуруҳи мо вазнин аст. Ин рост аст. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Покистон ва ҳатто Макао имкони ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданро доранд. Вале ман чунин меҳисобам, ки бозигарони мо нисбат ба онҳо беҳтаранд. Фикр мекунам, ки агар мо дар дараҷаи хуби омодагӣ бошем, масъала ба фоидаи мо ҳал хоҳад шуд. Мо танҳо як вазифа дорем - ба марҳилаи ниҳоӣ баромадан.

Озодӣ: Дар ҳайати роҳбарияти дастаи мунтахаб ягон дигаргунӣ ба амал омадааст?

Кавазович: Бале. Мо мутахассиси сербиягӣ Лазаревичро ба ҳайси мураббии омодагии тарби бадан даъват намудем. Менеҷери даста низ дигар шудааст. Вале ҳоло кӣ будани ӯро гуфта наметавонам. Ин сирри дохилии даста мебошад.

Озодӣ: Дар бораи оилаи худ каме иттилоъ медодед. Оё онҳо ба Тоҷикистон омадаанд?

Кавазович: Ман 9 сол аст, ки оиладорам. Ману ҳамсарам як писар дорем бо номи Ҷорҷӣ, ки моҳи август 7 сола мешавад. Вале, мутаасссифона, онҳо то ҳоло ба Тоҷикистон наомадаанд. Ман бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол” то 1-уми апрел шартнома дорам. Агар шартномаи ман тамдид шавад, албатта, онҳоро ба Тоҷикистон меорам.

Озодӣ: Барои Шумо дар Тоҷикистон чӣ гуна шароит муҳайёст?

Кавазович: Барои ман бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардаанд, ки аз онҳо хеле миннатдорам. Дарвоқеъ, ман Тоҷикистонро хеле дӯст медорам ва ин кишвари бароям азизро ватани дувуми худ мешуморам.

Озодӣ: Агар махфӣ набошад, моҳонаи Шумо бар асоси шартнома чӣ қадар аст?

Кавазович: Инро гуфта наметавонам, зеро бар асоси шартнома он махфист.

Озодӣ: Ба назари Шумо, айни ҳол барои рушди футболи ҳирфаӣ дар Тоҷикистон ва баргузории мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ чӣ мушкилот ҳаст?

Кавазович: Ман дар бораи мушкилоту камбудиҳо дигар ҳарф заданӣ нестам. Зеро чанде боре гуфтам, ҳақиқатро гуфтам ва аз таҳти дил гуфтам, вале ягон вокуниши хуб нашуд. Ҳатто барои баъзе мухлисони футбол гуфтаҳоям хуш наомад.

Озодӣ: Дар бораи футболи тоҷик ва футболи Сербия чӣ назар доред?

Кавазович: Он чизе, ки нахуст ба назар мерасад, ин аст, ки футболбозони тоҷику серб бисёр боистеъдоданд. Футболбозони сербиягиро бразилиҳои аврупоӣ ном мебаранд. Дар Тоҷикистон бошад, сифати бозигарон ба дараҷаи баланд аст. Вале дар ин ҷо футболбозон бояд аз лиҳози тактикӣ каме кор кунанд, ки ба дараҷаи футболи аврупоӣ бирасанд. Ман солҳои ахир дар дастаи “Истиқлол” ба ин чиз бештар таваҷҷуҳ мекунам ва он мухлисоне, ки бозии “Истиқлол”-ро тамошо кардаанд, инро дарк намудаанд. Мо ба футболи аврупоӣ наздик мешавем, вале ташкили кор беҳбудӣ мехоҳад. Боз як масъалаи ҳалталаб ин менеҷерӣ аст. Бинобар ин, ба андешаи ман, дар ҳайати дастаи мунтахаб бояд бозигароне бошанд, ки дар хориҷа, дар чемпионатҳои пурзӯр бозӣ кунанд ва таҷриба омӯхта, маҳораташонро сайқал диҳанд.

Озодӣ: Шумо ҳамзамон сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ҳастед. Дар бораи тағйирот дар ҳайати даста иттилоъ медодед.

Кавазович: Ба ин савол посух додан ҳанӯз барвақт аст. То он замоне, ки давраи гузариши бозигарон аз як даста ба дастаи дигар анҷом наёбад, мо дар бораи дигаргуниҳо ҳарф намезанем. Ин сирри бошгоҳ аст. Хоҳиши роҳбарияти бошгоҳ он аст, ки даста аз ҳисоби футболбозони ҷавон пурра гардад.

Озодӣ: Дар назди “Истиқлол” чӣ гуна вазифа гузошта шудааст?

Кавазович: Ба ин савол низ посухи дақиқ дода наметавонам. Зеро, тавре гуфтам, шартномаи ман то оғози мусобиқаи қаҳрамонии кишвар мебошад. Вале як чизро гуфтаниам, ки ман дақиқ медонам, чаро “Истиқлол” соли гузашта қаҳрамони Тоҷикистон нашуд. Аммо “Истиқлол” имсол барои қаҳрамон шудан хоҳиш ва имконияти зиёд дорад.

Озодӣ: Ҷаноби Кавазович, ташаккур барои суҳбат. Ба Шумо ва шогирдонатон барори кору муваффақият мехоҳем.

Кавазович: Ба Шумо низ ташаккур. Ба шунавандагони радиои “Озодӣ” тансиҳативу хонаободӣ орзумандам.


ҲАЙТИ ВАСЕИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев (дар ҳоли ҳозир узви ягон бошгоҳ нест), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдулазиз Маҳкамов («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Волга», Астрахан, Русия), Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Иртиш», Павлодар, Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов, Алексей Неъматов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров («Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Умедҷон Шарифов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов (ҳама аз «Истиқлол»), Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Юсуф Рабиев («Хуҷанд»), Фарҳод Тоҳиров (дар ҳоли ҳозир узви ягон бошгоҳ нест).
XS
SM
MD
LG