Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонаи «СентрАзия» дар Тоҷикистон дастрас шуд


Масъулони шабакаи таҳлилию маълумотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки хонандагону истифодабарандагони сомонаи «СентрАзия» дар қаламрави кишвар имкони дастрасӣ ба онро пайдо карданд. Ба таъкиди онҳо, шабакаи таҳлилию маълумотии хадамот мехоҳад, то дигар масдудият дар боз кардани сомонаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ барои хонандагони Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад. Ду баёнияи ахири Хадамоти алоқа низ, ки расонаҳои интернетӣ барои ҳамкорӣ даъват шудаанд, ба хотири таъмини дастрасии истифодабарандагон ба сомонаҳо ва густариши озодии баён дар кишвар будааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз истифодабарандагони сомонаҳо дар Тоҷикистон низ дастрасӣ ба торнамои «СентрАзия»-ро тасдиқ карданд. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», гуфт, ки аз рӯзи гузашта ба ин сӯ вуруд ба сомонаи «СентрАзия» тариқи ширкати интернетии Вавилон ба роҳатӣ сурат мегирад. Масъулони Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет низ мегӯянд, ба сомонаи «СентрАзия» аз тариқи ҳама провайдерҳо ворид шудан мумкин аст.

Мавориди басташаваии баъзе аз сомонаҳо муддати се соли ахир бештар ба чашм мерасад ва ахиран масъулони Хадамоти алоқа ин гуна масдудкуниро бар пояи қонун арзёбӣ карданд. Дар ин муддат, бо он ки сомонаҳои дохилӣ барои муддате баста ва баъдан боз мешаванд, аммо бо гузашти ҳудуди се сол ҳамакнун торнамои «CентрАзия» барои хонандагонаш дар Тоҷикистон дастрас гардид.
XS
SM
MD
LG