Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқа барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки мебоист моҳҳои феврал-март барпо мегашт, ба тобистон гузаронида шуд.

Шавкат Аҳмадов, сардори баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» гуфт, «мусобиқа барои Ҷоми ФФТ моҳҳои июн-июл барпо мегардад. Ин мусобиқа ба иллати омода набудани майдонҳои футбол дар ин айём ба мӯҳлати дигар гузаронида шуд.»

Ёдовар мешавем, ки барандаи феълии Ҷоми ФФТ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мебошад, ки порсол дар бозии ниҳоӣ бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд. Голи ягонаро Аскар Равшанов дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонд.

Шавкат Аҳмадов афзуд, “маблағи ҷоизаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз Ҷоми ФФТ 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ дода хоҳад шуд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG