Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулл: «Аз Украина барои истирдоди Абдуллоҷонов нома дарёфт нашудааст»


Абдумалик Абдуллоҷонов дар толори додгоҳи Бориспол, 7 феврал

Абдумалик Абдуллоҷонов дар толори додгоҳи Бориспол, 7 феврал

Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо оиди шурӯъи таҳияи санадҳо барои истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов аз Украинаро рад кард.

Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввали Додситонии кулли Тоҷикистон панҷшанбеи 14 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, «то ҳол аз ҷониби мақомоти Украина дар мавриди истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон, номае ба Додситонии кулл нарасидааст.»

Ин мақоми додситонии кул мегӯяд, «тартиби истирдод дар паи ирсоли нома аз ҷониби кишваре, ки ҷинояткорро боздошт кардааст, амалӣ мешавад. Чун номаи ҷониби Украина ба мо расад, мо ба таҳияи санадҳои лозим барои истирдод шуруъ хоҳем кард.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз расонаҳо навиштаанд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон санади расмиро аз як додгоҳи маҳаллии Украина дарёфт кардааст ва ба таҳияи санадҳои зарурӣ барои истирдоди Абумалик Абдуллоҷонов оғоз кардааст.

Афзун бар ин, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки «дар мавриди боздошти Абдуллоҷонов ва ба муҳлати 40 рӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштани вай танҳо аз тариқи расонаҳо иттилоъ гирифтаанд.»

Зимнан, Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ нахуствазири Тоҷикистон ва яке аз мухолифони ҳукумат, ба таърихи 5 феврал дар фурудгоҳи байналмилалии "Бориспол", дар канори Киев, боздошт ва рӯзи 7 феврал ба ҳабси муваққат маҳкум шуд.

Гуфта мешуд, ки боздошти ӯ тибқи дархости Тоҷикистон ва бар асоси талаботи полиси байналмилалии Интерпол сурат гирифтааст. Рӯзи 7 феврал Абдуллоҷонов ба боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилаи Украина, воқеъ дар канораҳои Киев, интиқол ёфт.
XS
SM
MD
LG