Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири пешини кишоварзии Русияро бозпурсӣ мекунанд


Елена Скринник-вазири пешини кишоварзии Русия, ки пештар ширкати «Росагролизинг»-ро раҳбарӣ мекард, дар вазорати корҳои дохилаи Русия 5 соат мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Вайро барои дуздии маблағҳои будҷа бозпурсӣ карданд.

Дар гузашта миёни ширкати «Росагролизинг» ва чанд ширкати дигар қарордоди ҳамкорӣ имзо ва дар ин миён 600 миллион рубли русӣ бедарак шудааст. Ҳоло Скринник чун шоҳид бозпурсӣ мешавад.

27 ноябри соли 2012 аз шабакаи телевизионии "Россия" филме намоиш дода шуд, ки дар бораи найрангҳои молии «Росагролизинг» ҳикоят мекард. Дар филм ҳикоят мекунанд, ки ширкати мазкур аз будҷаи давлатӣ 40 миллиард рубл сарф кардааст.
XS
SM
MD
LG