Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ таҳияи асноди истирдоди Абдуллоҷоновро оғоз кард


Абдумалик Абдуллоҷонов
Абдумалик Абдуллоҷонов
Рӯзи чаҳоршанбе Додситонии кулли Тоҷикистон ба матбуот гуфт, ки аз тасмими як додгоҳи маҳаллии Украина дар бораи нигоҳ доштани Абдумалик Абдуллоҷонов-нахуствазири пешини Тоҷикистон дар зиндон барои муҳлати 40 рӯз дарёфт кардааст.

Ба гуфтаи Додситонии кул, Абдуллоҷонов барои ҷиноятҳои вазнин гунаҳгор дониста мешавад.

Ин ниҳод таҳияи асноди зарурии истирдоди Абдуллоҷоновро оғоз кардааст. Намояндаи додситонӣ гуфтааст, ки онҳо ҳукми додгоҳи шаҳри Борисполро гирифтаанд ва ин қарор имкон медиҳад, ки ба таври расмӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои истирдод омода кунанд.

Абдуллоҷонов 5 феврал дар фурудгоҳи Бориспол бозошт шуд.
XS
SM
MD
LG