Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои омехтаи гӯшти аспу гов дар Аврупо шиддат меёбад


Того Борг
Того Борг
Кумиссиюни Аврупо мегӯяд, аз ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хоҳад хост, ки дар бораи мавҷудияти гӯшти асп дар таркиби гӯши гов озмоиш анҷом диҳанд.

Ин пешниҳодро Тонио Борг-Кумиссари беҳдошти Иттиҳодияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқоти вазирони кишоварзии кишварҳои узви ин иттиҳодия эълон кард.

Ҳоло дар баъзе кишварҳо моҷаро идома дорад ва мавридҳои фурӯши гӯшти асп дар таркиби гӯшти гов мушоҳида шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе Олмон эълон кард, ки дар ин замина озмоиш анҷом хоҳад дод.
Ҳоло амборҳои гӯшти Британияву Фаронса, Ҳолланду Шветсия ва Шветсария аз фиристодани гӯшт ба мағозаҳои фурӯш худдорӣ кардаанд, зеро дар натиҷаи озмоиш маълум шудааст, ки гӯшти аспро чун гӯшти гов хостаанд ба фурӯш зананд.

Руминия дар ин кор гумонбар дониста мешавад. Вале ин кишвар инкор кардааст, ки дар ин кор олуда нест ва ширкатҳои ин кишвар дар гӯшти асп тамғаи гӯшти гов назадаанд.
XS
SM
MD
LG