Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти Ожонси ҳастаӣ бо Эрон натиҷаи дилхоҳ надод


Алӣ Асғар Султония

Алӣ Асғар Султония

Музокироти миёни мақомоти расмии Эрон ва Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар Теҳрон ба поён расид. Дар бораи натиҷаҳои ин музокирот ва пешрафт дар он чизе гуфта нашудааст ва ҷонибҳо эълон накардаанд, ки оё дар оянда ҷонибҳо боз бо якдигар ба музокира менишинанд ё хайр.

Аммо Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ гуфтааст, ки ҷонибҳо роҷеъ ба баъзе масъалаҳо ба тавофуқ расидаанд. Вай дар бораи ин тавофуқот чизе нагуфтааст.

Намояндагони расмии Ожонс умедвор буданд, ки ба асноди ҳастаии Эрон дастрасӣ пайдо мекунанд ва Эрон ба онҳо иҷоза хоҳад дод, ки бозрасони Ожонси ҳастаӣ дубора расидагӣ ба барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эронро оғоз хоҳанд кард. Вале ҷонибҳо дар ин бора хабаре пахш накардаанд.

Ожонси ҳастаӣ ба вижа интизор буд, ки иҷозаи расидагӣ ба пойгоҳи низомии Порчинро ба даст орад, зеро иддао мешавад, ки дар он ҷо баъзе аз қисматҳои аслиҳаи ҳастаӣ озмоиш дода шудааст.
.
XS
SM
MD
LG