Пайвандҳои дастрасӣ

Брюсселу Вошингтон минтақаи озоди тиҷоратӣ месозанд


Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА эълом доштанд, ки ба зудӣ музокирот дар мавриди таъсиси минтақаи тиҷорати озодро шурӯъ мекунанд. Қарор аст, ки гуфтушуниди ҳайатҳо дар ин мавзӯъ моҳи июл шурӯъ ва тайи ду сол созишнома таҳияву тасвиб шавад.

Ба гуфтаи коршиносон, робитаҳои иқтисодии Брюсселу Вошингтон ҳоло ҳам хело қавиянд ва аммо боз ҳан нерӯмандтар хоҳад шуд. Раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу ҳадаф аз созиши навро таъсиси бузургтарин дар олам минтақаи тиҷорати озод номид. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, ки тасвиби созиши трансатлантикӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида барои амрикоиҳо миллионҳо ҷойҳои нави кор бо маоши хубро муҳайё хоҳад кард.

Қарор аст, ки дар ҷараёни гуфтушунид меъёрҳову дастурҳои ҳамсони тиҷоратӣ таҳия карда шаванд.
XS
SM
MD
LG