Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикистон кай "ҷаннати рӯи замин" мешавад?


Ал-Гуна, шаҳре дар соҳили мисрии баҳри Сурх, тақрибан ҳамсоли истиқлоли Тоҷикистон аст. Дар ин бисту чанд сол дар ин гӯшае замоне биёбону комилан нообод шаҳре чунон пуршукӯҳ бунёд кардаанд, ки "Венетсияи Машриқ" ва ҳатто “ҷаннати рӯи замин” номаш мебаранд. Дар ҳоле ки Тоҷикистон то ҳол талош дорад ба сатҳи рушди иқтисодии соли 1990-аш баргардад ва дар асри 21 ҳамчунон бо мушкилоте, чун бебарқиву бегазӣ дастбагиребон боқӣ мемонад.
Тоҷикистону Ал-Гуна - ин ду гӯшаи аз ҳам хеле дури дунё - аз соли 1990 ба ин сӯ ду роҳи комилан мухталифи рушдро тай кардаанд.

Соли 1990. Як регзори хушку холӣ ва бе ягон долу дарахт дар соҳили баҳри Сурх. Миллиардери мисрӣ Самӣ Совирис барои бунёди шаҳри орзуяш - Ал-Гуна - ҳамин гӯшаи ноободро интихоб кард. Дуруст ҳамон сол артиши Шӯравӣ дар Душанбе ошӯби мардумро бо зӯр саркӯб кард ва Тоҷикистон бори аввал дар 70 соли зиндагиаш дар Иттиҳоди Шӯравӣ шоҳиди хунрезӣ шуд. Бехабар аз он ки ҳамагӣ ду сол баъд хунрезиҳо дар ин кишвар сурати боз ҳам мудҳиштари як ҷанги комили шаҳрвандиро хоҳанд гирифт.


Самӣ Совирис
Самӣ Совирис
Соли 1991. Самӣ Совирис барои сохтани армоншаҳри худ меъморон аз Амрикову Итолиё ва беҳтарин меъморони мисриро даъват кард. Тоҷикистон дар ҳамин сол бо як мероси бузурги иборат аз ҳазорон корхонаи саноативу кишоварзӣ ва тиҷорӣ аз Шӯравӣ ҷудо шуд.

Соли 1992. Ширкати Orascom Development-и Совирис нахустин меҳмонсароҳо дар Ал-Гунаро баланд кард. Тоҷикистон дар ин сол ба гирдоби ихтилофҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандие фурӯ рафт, ки 5 соли тамом тӯл кашид ва бо қариб 100 0000 куштаву 1 миллион гурезааш иқтисоди валангореро боқӣ гузошт.

Соли 1997. Ҷонибҳои ҷанги Тоҷикистон билохира сулҳ бастанд ва умеде дар дили мардум шӯъла зад, ки ҳама солҳои сиёҳи бебандуборӣ ва камбарқиву камгазӣ дигар пушти сар шуданд. Бехабар аз он ки ин мушкил дар асри 21 низ гиребони ин мардумро сар нахоҳад дод.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Дар ҳамин давра дар Ал-Гуна тибқи тарҳи меъмори амрикоӣ Майкл Грейвс меҳмонсароҳои Sheraton, Steigenberg ва минтақаҳои маскунии Golf Аpartments ва Golf villas, бо тарҳи меъмори итолиёӣ Алфредо Фреда ва бо услуби тосканӣ минтақаи низ маскунии Hill villas қомат афрохта, меъморони мисрӣ Шаҳоб Мазҳар, Рамӣ Даҳон ва Аҳмад Ҳамдӣ тарҳи маҳаллаҳои нави Abu Tig Marina, White Villas ва Nubian Villas-ро ҷомаи амал пӯшонданд. Шаҳри орзуҳои Самӣ Совирис бо 10 ҷазирае, ки бо каналҳову пулҳо аз ҳам ҷудо шудаанд, ба сурати умум нусхаи Венетсия шудааст ва Ал-Гунаро “Венетсияи Машриқ” ва “Дурдонаи баҳри Сурх” ҳам ном мебаранд.


Тасвире аз Ал-Гуна
Тасвире аз Ал-Гуна
Соли 2013. Ал-Гуна имрӯз бо 15 000 аҳоливу 17 меҳмонсарояш ҳар рӯз то 3 000 ва дар сол дар маҷмӯъ беш аз 1 миллион сайёҳро аз саросари дунё мизбонӣ мекунад. Аммо аз Тоҷикистон, ки шумори аҳолиаш ҳафтае пеш ба 8 миллион расиду масоҳаташ ҳам аз Ал-Гуна 3838 маротиба зиёдтар аст ва бо кӯҳҳои сарбафалаки Помиру баландтарин милаи парчами дунёаш меболад, солона ҳатто камтар аз 200 000 сайёҳ дидан мекунанд.

Ба ҳисоби як созмони байналмилалӣ, ширкатҳои тоҷикӣ дар минтақаҳои оффшор то 6 миллиард долларро пинҳон кардаанд, вале касе аз сармоядорони тоҷик то кунун мисли Самӣ Совирис ба сохтани чунин як шаҳри орзу дар худи Тоҷикистон ҷуръат намекунад.


Баландтарин милаи парчами дунё дар Душанбе
Баландтарин милаи парчами дунё дар Душанбе
Саидмӯъмин Камолӣ, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳадди тавони аксари соҳибкорони тоҷик дар ҳоли ҳозир, албатта, болотар аз саҳмгузорӣ дар бунёди ягон мактаб, ё пул, ё масҷид нест ва иқтисоди мо низ ҳанӯз чандон бузург нест, ки моҳиҳои бузургтареро бипарварад. Вале ба ақидаи ӯ, дар Тоҷикистон омилҳои дигаре ҳам дар байн ҳаст, ки ин тоифаро аз иҷрои чунин тарҳҳои пуриддаову номовар манъ мекунад: “Бисёри ин сармояҳо шояд аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд ва соҳибонашон тарс доранд, ки онро дар худи Тоҷикистон гузоранд. Аз дигар тараф муҳити сармоягузорӣ низ дар инҷо чандон мусоид нест. Омили дигар сатҳи фасод дар Тоҷикистон аст.

Аммо Самӣ Совирис ҳам шаҳри орзуяш дар канори баҳри Сурхро замоне сохт, ки дар Миср режими фосиди Ҳуснӣ Муборак ҳукм меронд. Бо ин ҳама, Саидмӯъмин Камолӣ мегӯяд, агар аз Тоҷикистон ҳам сармоядорони таҳамтане чун Совирис бархезанд, беҳтар аст, ибтидо на шаҳри орзуи худ, балки Роғунро бисозанд, ки барқи мо таъмин шавад, ё ягон корхона, ки ба мардум ҷои кор диҳад: “Дар марҳалаи феълӣ, албатта, афзалият ба тарҳҳое дода шавад, ки манфиати иқтисодӣ ё тавлидотӣ доранд. Вақте шароит беҳтар шуд, тоҷирони мо метавонанд тарҳҳои бузургтарро ҳам амалӣ кунанд.”


Бебарқии мардуми тоҷик дар асри 21
Бебарқии мардуми тоҷик дар асри 21
Имрӯз, ки Ал-Гунаи гарму чароғон ба рӯи сели навбанави сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни дунё оғӯш мекушояд, дар Тоҷикистон ҳамчунон азоби бебарқиву бегазӣ мекашанд. Ширкати Orascom Development-и миллиардери мисрӣ Самӣ Совирис, ки масъулияти тамоми умури Ал-Гунаро дар даст дорад, мегӯяд, боз ҳам дар фикри сохтани кӯшку қасру меҳмонсароҳои нав ба хотири ҷалби сайёҳони бештар аст. Аммо дар посух ба як пурсиши СММ, ки Тоҷикистонро баъди соли 2015 чигуна дидан мехоҳед, бисёриҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд ҳадди ақал бо барқу газ таъминаш бубинанд. Стротегияи давлатии рушд низ то соли 2015 ба сатҳи соли 1990 расондани ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистонро ба ҳадаф дорад. Гӯиё ин ду даҳаи охир барои мо аслан вуҷуд надошт.

Вале дар ҳамин ду даҳа дар фосилаи 3500 километр аз Душанбе, дар ҷои як биёбон дар Миср шаҳри саропо сабзу чароғоне бо номи Ал-Гуна қомат афрохт, ки “ҷаннати рӯи замин”-аш меноманд. Як фосилаи хеле кӯтоҳи таърих дар ду гӯшаи мухталифи дунё, вале ба қавли Ҳофиз, “бубин, тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо.”
XS
SM
MD
LG