Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Норак


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Норак омодагӣ мебинад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар шаҳри Норак то рӯзи 17-уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин ҷамъомад 30 бозигар аз дастаҳои мухталифи кишвар даъват шудаанд.


Ҳайати васеи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14):
Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Ҳамид Исҳоқов, Наврӯз Саидов («Вахш»), Рамазон Абдуллоев («Барқ»);

Ҳимоятгарон: Шаҳром Абдуллоев, Маҳмадрасул Шарифов, Оятулло Сафаров, Ҷаҳонгир Раҳматзода, Саидмустафо Ҷалолов (ҳама- РШВСМ), Аббос Раҳмонов, Фаррух Ғафуров (ҳарду - «Варзоб»), Рашоди Фаррух («Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Самад Шарифов («Энергетик»), Мунис Саидов («Равзана»), Насим Шарифов (КВТ), Анушервони Муҳаммадшо (РШВСМ), Азиз Бердиалиев («Регар-ТадАЗ»), Мухтор Азимов, Давлат Зарифов (ҳарду - «Барқ»), Аслиддин Муҳаммадиев («Истаравшан»), Сино Холов, Шӯҳрат Султонов, Беҳзод Шодиев (ҳарсе - «Солор»);

Ҳамлагарон: Хуршед Абдуллоев, Зиёвиддин Фузайлов (ҳарду - «Истиқлол»), Умар Шарифов («Вахш»), Юсуф Ёқубов, Дурахшон Рӯзибоев (ҳарду - РШВСМ), Қосим Қобилов («Равзана»), Сӯҳроб Иброҳимов («Юност»).
Дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-14) мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «С» (минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) дохил аст ва бо дастаҳои Непал, Бутан, Узбакистон, Молдив ва Афғонистон рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5-ум то 10-уми апрел дар пойтахти Непал - Катманду баргузор мешаванд. Дастаҳое, ки дар ҳашт гурӯҳ ҷойҳои якумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 роҳ меёбанд.

Ҳайатҳои гурӯҳҳои мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-14):

Гурӯҳи «А»: Умон, Баҳрайн, Лубнон, Сурия, Ироқ, АМА.

Гурӯҳи «В»: Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Урдун, Фаластин, Яман.

Гурӯҳи «С»: Непал, Бутан, Узбакистон, Тоҷикистон, Молдив, Афғонистон.

Гурӯҳи «D: Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Шри-Ланка, Қирғизистон.

Гурӯҳи «Е»: Мянмар, Бруней, Малайзия, Вйетнам, Филиппин, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «F: Тайланд, Лаос, Индонезия, Бангладеш, Сингапур, Камбоҷа.

Гурӯҳи «G: Чин, Ҷазоири Мариани Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Гуам.

Гурӯҳи «H: Муғулистон, Ҳонконг, Кореяи Шимолӣ, Макао, Ҷопон.
XS
SM
MD
LG