Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон аз раҳбарони "Ота-Макон" ҳимоят карданд


Ширкатдорони гирдиҳамоии ҷонибдорони ҳизби “Ота-Макон” дар канори бинои парлумони Қирғизистон хостори хатми таъқиби вакилони ин ҳизб ва лағви хулосаи комиссиюни парлумонӣ оид ба тафтиши далелҳои яғмои моликият дар рӯзҳои "инқилоби лолагӣ" дар моҳи апрели соли 2010 шуданд. Имрӯз парлумони Қирғизистон раҳбарони “Ота-Макон”-ро дар даст доштан дар ғоратгариҳо дар Бишкек дар шаби 8 апрел ва ғорати моликияти раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев ва атрофиёни ӯ айбдор кард.

Эътирозгарон аз раисиҷумҳур Алмосбек Отабоев даъват карданд, ки назарашро дар ин бора бигӯяд.

Раиси ҳизби “Ота-Макон” Омурбек Текебоев, аъзои ҷиноҳи ҳизб дар парлумон Бахтибек Кулмамадов ва Сайдулло Нишонов ва намояндаи ҷиноҳи “Республика” Қанот Исоев бо тазоҳургарон мулоқот карданд.

Бар пояи хабарҳо, дар гирдиҳамоӣ тақрибан 3 ҳазор нафар ширкат доштанд.Баъд аз зӯҳр эътирозгарон пароканда шуданд.

Мири Бишкек Исо Омурқулов гуфт, ки созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ барои бастани ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Чуй ва майдони Ала-Тоо бояд муҷозот шаванд.
XS
SM
MD
LG