Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кунар аз зарбаи чархболи НАТО 10 кас ҷон бохт


Дар шарқи Афғонистон бар асари зарбаи чархболи НАТО 10 сокини осоишта, аз ҷумла, панҷ кӯдак кушта шуданд. Волии вилояти Кунар Фазлуллоҳ Воҳидӣ гуфт, ки нерӯҳои байнулмилалӣ ин ҳамларо бидуни огаҳ кардани мақомоти маҳаллӣ анҷом додаанд. Ӯ афзуд, ки дар ин ҳамла дар рустои Ғавгам дасти кам чаҳор ҷангҷӯи “Толибон” ҳам ба ҳалокат расидаанд.

Намояндаи нерӯҳои байнулмилалӣ майор Адам Вояк гуфт, дар бораи ҳодисаи дар Кунар рӯхдода иттилоъ дорад, аммо афзуд, ки хабари кушта шудани сокинони осоиштаро тайид карда наметавонад.

Ҳалокати мардуми осоишта бар асари амалиёти нерӯҳои НАТО боиси эътирозҳои мардумӣ ва интиқоди пайвастаи раисиҷумҳур Ҳомид Карзай мешавад.
XS
SM
MD
LG