Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи фоҷиабор дар гарданаи Шаҳристон


Бар асари як садамаи автомобилӣ дар наздикии гарданаи Шаҳристон, панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 феврал ба "Озодӣ" гуфт, ки дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар наздикии гарданаи Шаҳристон, панҷ нафар ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳодисаи фоҷиабор рӯзи сешанбеи 12-уми феврал рух додааст ва ду мошини мусофирбари тамғаи «Муссо» дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок ба ҳам бархӯрданд, ки дар натиҷа мусофирон ва ронандаи яке аз ин мошинҳо ҳангоми сарозер шудан ба чуқурӣ, ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила мегӯяд, ки Қаҳҳор Раҳматов, ронандаи сабукрави «Муссо» ва сокини ноҳияи Истаравшан, қоидаи роҳро риоя накарда ба мошини «Муссо» бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ин мошин Каримов Абдураҳмон ва мусофиронаш Шукрулло Зикруллоев, соли таваллудаш 1991, Шоира Норова, хонандаи синфи 3-юми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №8, Мафтуна Норова соли таваллудаш 2007 ва Зайнаббибӣ Норова соли таваллудаш 1987, сокинони деҳаи Ревомутки ноҳияи Мастчоҳ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Мусофирони дигар Ёрмаҳмад Норов, Азизмаҳмад Норов Ниёзович, сокинони дигари деҳаи Ревомутки Мастчоҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG