Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Тайи як сол 34 ҳазор сарбоз аз Афғонистон берун хоҳанд шуд"


Барак Обама ҳини суханронӣ дар нишасти муштараки Сенат ва Конгресси Амрико.12-уми феврали соли 2013.
Барак Обама ҳини суханронӣ дар нишасти муштараки Сенат ва Конгресси Амрико.12-уми феврали соли 2013.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико эълон кардааст, ки давоми як сол, 34 ҳазор сарбози амрикоӣ аз Афғонистон берун хоҳанд шуд.

Оқои Обама ин матлабро рӯзи 12-уми феврал тайи як хитоб ба миллати Амрико баён дошт.

34 ҳазор сарбоз ҳудуди нисфи нерӯҳои амрикоиро ташкил медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳузур доранд. Ҳоло Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон 66 ҳазор сарбоз дорад.

Ҳамзамон, шоми сешанбе раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар як конфронси видеоӣ, бо раиси ҷумҳури Амрико сӯҳбат кардааст. Дар хабарномаи раёсати ҷумҳури Афғонистон омадааст, ки Ҳомид Карзай ва Барак Обама дар мавриди барқарории сулҳ дар Афғонистон, тақвият ва муҷаҳҳаз кардани артиши миллӣ ва қарордоди амниятие, ки қарор аст байни ду кишвар имзо шаванд, суҳбат кардаанд. Ҷузъиёти ин сӯҳбат дар хабарнома зикр нашудааст.

Масъалаи хуруҷи 34 ҳазор сарбози амркоӣ аз Афғонистон давоми як сол, пурсишҳои ҷиддиеро ба ҳамроҳ доштааст. Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, шуморе аз таҳлилгарони амниятӣ ва бархе аз мақомҳои вазорати дифои Амрико бо ибрози нигаронӣ гуфтаанд, ки хуруҷи зудҳангоми нерӯҳо аз Афғонистон, ин кишвари ҷангзадаро шояд ба гирдоби нооромиҳои бештар печонад.

Тибқи ҳамин гузориш, дар бадтарин вазъият, хуруҷи зудҳангоми нерӯҳо аз Афғонистон, мумкин аст Толибонро бори дигар ба қудрат бирасонад. Қаблан аз қавли мақомоти Қасри Сафед гузориш шуда буд, ки Амрико баъд аз соли 2014 ҳеҷ сарбози худро дар Афғонистон боқӣ нахоҳад монд.

Аммо ахиран як мақоми баландпояи амрикоӣ ин гузоришҳоро камаҳамият хонд ва гуфт, мутмаин аст ки Амрико шуморе аз сарбозонашро пас аз соли 2014 дар Афғонистон нигаҳ хоҳад дошт. Гуфта мешаванд, ки баъд аз соли 2014, аз 3 то 15 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG