Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. Барои ҷамъ овардани 1 миллион доллар 757 сол зарур аст


Маҷаллаи “Экономист” дар як таҳқиқи оморӣ дарёфтааст, ки агар шумо як фарди миёнаҳол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошед, метавонед дар муддати ҳадди аксар 25 сол як миллион доллар ҷамъ кунед.

Вале ҳамингуна ноновари хона дар Мексика, ки дар бари Амрикост бояд 300 сол заҳмат кашад, то ҳамин миқдор пулро ба даст оварад. Тоҷикистон дар феҳрасти “Экономист” нест, аммо аз омори расмӣ ва бо такя ба гуфтаи иқтисоддонон ҳисоб мекунем, ки фарди миёнаҳоле дар кишвар дар чанд сол метавонад, соҳиби як миллион доллар ва ё тақрибан 5 миллион сомонӣ шавад.

Шояд бигуед, ки дар Тоҷикистони фақир, ки мардумаш ба сахтӣ рӯз мегузаронанд, бо музди кори мардуми миёнаҳол як нафар метавонад, дар муддати 500 сол 1 миллион доллар ҷамъ кунад. (агар то он вақт дунё ба охир нарасад.) Аммо мутаасифона омори расмӣ ноумедкунанда аст ва бояд “андаке бештар” заҳмат кашед, то соҳиби як миллион доллар шавед.

Бо дархости Радиои Озодӣ Нозим Эшонқулов, иқтисоддони ҷавон аз Маркази Бозори Озоди Тоҷикистон ҳисоб кард, ки барои ҷамъ овардани ин як миллион доллар дар кишвар чанд сол лозим аст: “Соли гузашта музди миёна дар Тоҷикистон, бар асоси омори Агентии омор, 540 сомонӣ, ё тақрибан 110 доллари амрикоиро ташкил додааст. Агар як сол ин пулро ҷамъ кунем, 1320 доллар мешавад. Барои ҷамъ кардани як миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон 757 сол лозим аст. “

Барои ҳамин бояд дар ҳаққи ин мардуме, ки дар Тоҷикистон 110 доллар музди кор мегиранд, дуо кунем, ки умри Ҳазрати Хизрро дошта бошанду ба ин орзуяшон бирасанд. Аммо натарсед, на ҳама дар Тоҷикистон бояд бештар аз 7 аср заҳмат кашанду “миллионер” шаванд, балки имконоти иқтисодӣ дар кишвар иҷоза медиҳад, ки дар мӯҳлати кӯтоҳттар ба ин орзуи хеш бирасед.
Саттори 45-сола ва ронандаи таксӣ дар Душанбе, ба қавле “сарватманд” аст ва мегӯяд, ки рӯзона каму беш аз 100 сомонӣ кор мекунад, ки ҷамъулҷамъ дар як моҳ 3000 ҳазор сомонӣ ва ё 600 доллар мешавад. Саттор танҳо ноновари хона нест, фарзандонаш ҳам кор мекунанд, вале боз ба ҳам ба тамоми аҳли хонавода муяссар нахоҳад шуд, ки 1 миллион доллар ҷамъ кунанд.

Саттор мисли иқтисоддони ботаҷриба чунин ҳисоб кард: “Агар 1000 долларӣ ҳам ҷамъ кунем, дар як сол 12 ҳазор доллар мешавад. Дар сад сол 1 миллиону 200 ҳазор доллар мешавад. Кӣ медонад, ки ман 100 сол умр мебинам, ё намебинам. Дар ин муддат агар ҷамъ шавад, як миллиону 200 ҳазор доллар мешавад. Аммо ҳоло умри одамизод, 65-70 сол аст. Худатон фикр кунед.”

Саттор мегӯяд, мисли ҳама орзуи доштан ва ёфтани як миллион долларро дар сар парваридааст, аммо ҳоло орзуяш ин аст, ки аз пули кораш моҳе ҳадди аққал 100 доллар пасандоз кунад: “Моҳе 100 сомонӣ кор мекунем. Шукронаи мусулмонҳои худамон бегаҳ пеш аз кор занг мезананд, ки меҳмон омад, гӯшт биёр. Як кило гӯшт 35 сомон, ду кило гӯшт мегирӣ, ду кило себу ду то нон, 100 сомонӣ харҷ шуд. Ҷамъ карда намешавад, охир, ҳар рӯз аҳвол ҳамин аст.”

Нозим Эшонқулов мегӯяд, аз он хотир роҳи ҷамъ овардани як миллион доллар дар Тоҷикистон барои мардум сахт аст, ки шароит барои онро фароҳам накардаанд: “Ин соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки асосан ҷойи кор ташкил мекунад ва маош медиҳанд. Афсӯс, ки дар Тоҷикистон шароит барои бурдани бизнес душвор аст, нисбат ба Амрико ва дигар кишварҳои пешрафта, ки дар онҳо барои ҷамъ овардани як миллион доллар муддати хеле кӯтоҳ даркор. Барои ҳамин сармоягузорони хориҷӣ барои омадан ба Тоҷикистону оғоз кардани соҳибкорӣ ва тавлиду фурӯши моле шитоб намекунанд. “

Фаразан агар дар Тоҷикистон ҷамъ кардани як миллион доллар ба як фарди миёнаҳол муяссар шавад, пас дар инҷо бино бар омори расмӣ, миёнаравҳои молӣ шанси бештар доранд. Чунки музди кори аз ҳама баландро дар соли 2012 миёнаравҳои молӣ дар Тоҷикистон доштаанд, яъне 450 доллар будаанд ва сипас коргарони арсаи нақлиёту мухобирот, ки тақрибан 300 доллар маош мегирифтаанд. Вале кишоварзону ҷангалу боғпарварони тоҷик шояд 1000 сол кор кунанд, то “миллионер” шаванд, зеро дар соли 2012 музди кори онҳо бештар аз 185 сомониро ташкил медодааст, ки 40 доллар ҳам нест. Бо вуҷуди онки дар Фаронсаву Ҷопони пешрафтаву сарватманд барои фарди миёнаҳоле 40 сол лозим мешудааст, ки 1 миллион доллар ҷамъ оварад, аммо дар Тоҷикистон имконаш ҳаст, ки дар муддати кӯтоҳ ба миллионер табдил шавед. Аммо ҳама ингуна “толеъ” надоранд.

Нозим Эшонқулов шарҳ медиҳад: “Миллионер шудан дар асоси қонун ва муддати кӯтоҳ барои шаҳрвандони ватанамон осон нест. Дар Тоҷикистон бар асоси қонун миллинер шудан мушкил аст, вале агар ки шумо ягон хеши амалдори калон бошед, дар ин ҳолат имкониятҳои шумо хеле баланд мебошанд. Мо бисер дидаем, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои бузургро ғайриқонунӣ гирифтаанд ва соҳибони нави онҳо дар як лаҳза хеле бой шуданд.”

Аммо онгуна, ки Саттор ронандаи таксӣ дар Душанбе гуфт, аз роҳи ҳалол ба даст овардани сад сомонӣ барояш беҳтар аст ва аз ин рӯ ба қавли Саттор орзуи ҷамъ овардани як миллион доллар орзуест, ки шояд аксарият дар Тоҷикистон онро ба хок мебаранд. Шумо бигӯед, воқеан чунин аст ва ё худи Саттор пессимист аст?
XS
SM
MD
LG