Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андозҳои миёншикан ё "нофаҳмӣ"-и савдогарон?


Тоҷирони бозори марказии ноҳияи Восеъ пас аз чанд соати коршиканӣ, ба эътирозӣ худ хотима доданд.

Тоҷирони бозори марказии ноҳияи Восеъ мегӯянд, агар мақомот ба ваъдаи поён бурдани андоз ва нархи ҷои нишаст вафо накунанд, дубора корпартоӣ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки пас аз корпартоии нимрӯза ва сӯҳбати масъулини ноҳия, онҳо дубора ба кор баромаданд.

Тоҷирон, ки дар ҳузури масъулин сӯҳбат мекарданд, мегӯянд, якбора ба онҳо ҳуҷҷатеро нишон доданд, ки барои се метр ҷои нишаст, аз сад сомонии пештара бояд як бора ду баробар бештар маблағ супоранд.

Саид, як тоҷири ин бозор тасмим коршиканиашро чунин шарҳ дод: «Налог, патент, фонди нафақа ҳамааш якбора аз моҳи январ зиёд шуд. Аз ин рӯ, мо фикр мекунем, ки ин ба фоидаи мо нест. Барои ҳамин саҳар кор набаромадем.»

Тоҷири дигаре, ки худро Зайнаб муаррифӣ кард, гуфт, аз қонуни нави андоз норозист, ки бештари бандҳояш бар зарари соҳибкорони миёна ҳаст: «Мо депутат интихоб кардем, ки барои мо кор кунад, аммо ин депутатҳо бар зарари мо қонун қабул мекунанд. Аз бонк 4 ҳазор доллар қарздорам ва ҳар моҳ фоиз месупорам. Барои милисаи посбон пул медиҳам, чеки бозор медиҳам, пули патент месупорам, болои ин ҳар рӯз 6 сомонӣ раҳпулӣ мекунам, ки агар ин хел зиёд шавад, ҳеҷ фоида намебинам.»

Тоҷирон мегӯянд, патенту шаҳодатномаи соҳибкорӣ, аслан ба соҳибкорони камдаромаду бе пушту паноҳ дахл дорад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, даҳҳо тоҷире ҳаст, ки дар бозор тиҷорати бузург доранд ва аз онҳо касе чунин ҳуҷҷатҳоро талаб намекунад.

Шаҳодат, зани дигари тоҷир бо эҳсос гуфт: «Бояд ҳама як гапа шавад. Ҳама бояд андозу патент супорад. Бисёрашон на андоз месупоранду на патент доранд ва ёфтанд, мо камбағалонро. Аз Русия пул равон мекунанд, ҷо мехарем. Аз банк қарз мегирем, барои савдо мол миёрем. Ҳамаашро давлат мегирад, ба мо чӣ мемонад.»

Бад ин тартиб, беш аз сад нафар тоҷирон пушти дари бозори марказӣ бо эътироз бо масъулин сӯҳбат карданд. Аммо Эмомалӣ Саидов, сардори Идораи нозироти андози ноҳияи Восеъ мегӯяд, эътирози тоҷирон аз нофаҳмӣ сар задааст. Ӯ мегӯяд, онҳо қонуни андоз ва меъёрҳои нави андозбандиро нодуруст фаҳмидаанд.

«Фақат тоҷирон ҳамон коифисенти танзимкунандаро дуруст сарфаҳм нарафтанд. Мо дастурамалҳоро тақсим кардем, аммо онҳо нахондаанд. Ҳаминро нафаҳмиданд, ки онҳо сад фоиз не, балки 80 фоиз месупоранд. Боз меъёрҳое муайян кардаем, ки мисол одамоне, ки аз сад ҳазор сомонӣ боло тиҷорат доранд, патент мегиранд ва сад ҳазор боло бояд шаҳодатнома бигиранд, ки ҳар кадомаш дигар хел андозбандӣ дорад. Ҳаминро савдогарон нафаҳмиданд. Ҳоло фаҳмонидем ва онҳо моро фаҳмида ба савдо баргаштанд

Аммо тоҷирон мегӯянд, ваъдаи масъулинро дар амал хоҳанд, дид, ки манфиат мебинанд ва ё зарар. Дар сурати воқеӣ набудани ваъдаи масъулин, онҳо дубора корпартоӣ хоҳанд кард.

Бозори марказии ноҳияи Восеъ беш аз 400 савдогар дорад, ки аксари онҳо бо сабаби ба гуфтаи худ баланд шудани андоз ва ба гуфтаи масъулин «нофаҳмӣ», субҳи 13-уми феврал бо нишони эътироз коршиканӣ карданд.
XS
SM
MD
LG