Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пилай: Парвандаи Сурияро ба додгоҳ фиристед!


Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай

Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай

Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ хонум Навӣ Пилай мегӯяд, ки шумораи қурбониҳои низои дохилии Сурия ба 70 ҳазор нафар наздик шудааст.
Рӯзи сешанбе Пилай дар Шӯрои Амнияти СММ суханронӣ намуд. Ӯ гуфт, ихтилофи шадиди миёни тарафҳои даргир боиси нокомӣ дар ҳимоят аз мардуми осоишта гардидааст.
Пилай илова кард, ки вазъ даҳшатбор асту афроди осоиштаи ҳар ду ҷониб нархи гарони ин низоъро пардохт мекунанд.
Бори дигар Пилай аз Шӯрои Амният даъват кард, ки парвандаи Сурияро ба додгоҳи байналмилалӣ ирсол намояд.
Русия ва Чин се дафъа ба қабули қатъномаҳое, ки таҳрими Сурияро мадди назар доштанд, мухолифат кардаанд.
XS
SM
MD
LG