Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси сулҳи рӯҳониён дар Кобул доир мешавад


Гирдиҳамоии тарафдорони ҳизби Ҷамъияти исломии Покистон
Гирдиҳамоии тарафдорони ҳизби Ҷамъияти исломии Покистон
Рӯҳониёни баландпояи афғону покистонӣ мувофиқат кардаанд, ки даҳуми март конфронси сулҳ барпо намоянд. Рӯзи сешанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон рӯҳонии маъруфи покистонӣ Абу Ҳурайра Маҳийуддин гуфт, ки конфронс дар Кобул доир шуда, эҳтимол дар он то 500 рӯҳонӣ аз ҳар ду ҷониб ширкат варзанд. Ӯ илова кард, ки ҳадаф аз ин нишаст ташвиқи сулҳ дар Афғонистон ва тамоми гӯшаҳои олами исломӣ мебошад. Номбурда афзуд, ки конфронс ба тарафдорӣ ё мухолифат ба кадом гурӯҳе аз ҷунбишҳои сиёсии ду кишвар садо баланд нахоҳад кард. Моҳи ноябр Афғонистону Покистон эълон карда буданд, ки чунин як конфронсе барпо хоҳанд кард. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин конфронс рӯҳониён бомбгузориҳои маргталабона ва дигар навъҳои эътирози ифротиро маҳкум хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG