Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ мекунад


Сигоркаши ҷавоне дар кӯчаи Санкт-Петербург
Сигоркаши ҷавоне дар кӯчаи Санкт-Петербург
Думаи давлатӣ-палатаи поёнии парламенти Русия ба тарафдорӣ аз манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ овоз додааст. Баъди тасвиби ин санад дар палатаи болоии парламент-Маҷлиси федералӣ ва имзои президенти Русия Владимир Путин манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳукми қонун медарояд.

Тибқи ин санад сигоркашӣ дар ошхонаву тарабхонаҳо, донишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз якуми июн манъ мешавад.

Ҳамчунон пешбинӣ шудааст, ки андози сигор баланд хоҳад шуд. Феълан нархи арзонтарин қуттии сигор дар Русия ба тахминан 30 рубл ё худ як доллар амрикоӣ баробар аст.

Ҳамчунон қонун манъи тарғиби маҳсулоти тамоку ва сигоркаширо мадди назар дорад. Русия аз кишварҳои сигоркаши олам ба шумор меравад. Тахмин мешавад, ки дар Русия 44 милион нафар ё худ сеяки аҳолӣ муътоди сигоркашӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG