Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштиро аз олимпиада берун мекунанд?


Лаҳзае аз сабқати гуштигири украинӣ Валерий Андрийтсев ва гуштигири амрикоӣ Ҷейкоб Стивен дар финали бозиҳои олимпии Лондон
Лаҳзае аз сабқати гуштигири украинӣ Валерий Андрийтсев ва гуштигири амрикоӣ Ҷейкоб Стивен дар финали бозиҳои олимпии Лондон

Тоҷикистон аз пешниҳоди барканор намудани гуштӣ аз бозиҳои олимпии соли 2020-ум хушҳол нест ва бовар дорад, ки ин ташаббус муваффақ нахоҳад шуд.

Масъулони соҳаи варзиши Тоҷикистон аз пешниҳоди Шӯрои иҷрояи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки мехоҳад гуштии озод ва румиро аз рӯйхати бозиҳои олимпии соли 2020-ум хориҷ намояд, хушҳол нестанд.

Маликшоҳ Неъматов-раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳати Тоҷикистон, ки ҳамзамон муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ мебошад, мегӯяд, дар кишварҳои зиёд ва аз ҷумла Тоҷикистон, гуштӣ яке аз намудҳои дӯстдоштаи варзиш буда, аз бозиҳои олимпӣ берун кардани гуштӣ амали ноодилона аст:

Ҳатман мо ҳимоят аз он хоҳем кард, ки ин намудҳои гуштӣ дар бозиҳои олимпӣ бошанд. Баъди медали нуқраи Юсуф Абдусаломов ва медали биринҷии Расул Боқиев дар бозиҳои олимпии соли 2008-ум шумораи довталабони тамрини гуштӣ он қадар зиёд шудааст, ки ҳазор иншооти варзишии нав ба қабули ҳамаи онҳо қодир нестанд. Мо ҳатман мавқеамонро бо федератсияҳои дигар кишварҳо ва федератсияи гуштии Осиё ҳамоҳанг мекунем ва ҳатман садо баланд хоҳем кард, ки гуштӣ дар бозиҳои олимпӣ монад.”

Ба қавли Неъматов эҳтимол баъзе кишварҳо, ки дар гуштӣ ҳатто ба гирифтани роҳхати бозиҳои олимпӣ ноил намешаванд, ин ташаббусро матраҳ карда бошанд.

Рӯзи сешанбеи 12-уми феврал Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Лозанаи Швейтсария пешниҳод кард, ки гуштии озоду румӣ ҳамроҳ бо панҷҳарба ё худ пентатлон аз рӯйхати 26 намуди асосии варзиш дар бозиҳои олимпии соли 2020-ум берун кашида шаванд.

Дар поёни ҷаласаи Шӯрои иҷроия Марк Адамс-раиси бахши мухобироти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба хабарнигорон гуфт:

Ҳозир гуштӣ дар рӯйхати ҳафт намуди дигари варзиш: бейсбол,-софтбол, каратэ, сабқат бо ролик, кӯҳнавардӣ, сквош, лижаронии обӣ ва вушу барои шомил шудан дар рӯйхати варзишҳои иловагии бозиҳои олимпии соли 2020-ум сабт шудааст”.

Узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва раиси фахрии Кумитаи миллии олимпии Русия Виталий Смирнов гуфтааст, ки ин қарор ӯро ба даҳшат овардааст, зеро гуштӣ ҳатто дар бозиҳои олимпии Юнони бостонӣ шомил буд. Ба қавли Смирнов федератсияи байналмилалии гуштӣ ё худ ФИЛА ба қадри кофӣ аз худ дифоъ накардааст.

Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ баъди ҳар олимпиада ба арзёбии муваффақияту нокомии намудҳои варзиш рӯй меорад, то намудҳои ҷолибтаре ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёбанд.

Дар бозиҳои олимпии тобистони соли 2012-ум дар Лондон 344 гуштигир барои 18 медали тило: 11 медал дар гуштии озод ва 7 медал дар гуштии румӣ сабқат кардаанд. Дар миёни 29 кишваре, ки дар сабқати гуштигирони Лондон ба гирифтани медал ноил гаштаанд, Русия бо 4 медали тило, ду медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ҷои аввалро ишғол намудааст.

Масъулони Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегӯянд, рушди заифи гуштӣ, набудани барномаи возеҳи мубориза бо истифодаи маводи нерӯбахшанда ва ё допинг ва ҳамчунон вобастагии гуштӣ ба кумакҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ боиси пешниҳоди ихроҷи ин намуди варзиш аз рӯйхати асосӣ шудааст.

Дар ҳар сурат қарори ниҳоӣ дар бораи сарнавишти гуштӣ дар бозиҳои олимпии соли 2020-ум моҳи сентябр дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Буэнос Айрес қабул мешавад. Дар ҳамон ҷаласа шаҳри мизбони бозиҳои олимпии соли 2020-ум низ интихоб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG