Пайвандҳои дастрасӣ

Дар доираҳои сиёсии Русия ҳарчӣ бештар талаби ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон, баланд мешавад.

Бархе сиёсатмадорони рус муҳоҷирин аз ин минтақаро манбаъи ҷурму ҷиноёт ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳатто мониае дар роҳи шукуфоии Русия мешуморанд. Аммо соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Русия дар сурати чунин тасмим худро аз ёрони стротегиаш дар Осиёи Марказӣ боз ҳам дуртар мекунад ва дар ниҳоят ҷорӣ кардани виза метавонад ба зиёни худи Маскав тамом шавад.

Далелҳои тарафдорон

Ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказиву Қафқоз то ҳол асосан шиори дасти гурӯҳҳои қавмгарои Русия буд, вале зоҳиран гурӯҳҳои ҷиддитари сиёсӣ дар он кишвар низ мехоҳанд аз ин оби лой ҳар кадом моҳии худро бигирад.

Рӯзи 11 феврал Шӯрои ҳамоҳангсози нирӯҳои оппозисиюни Русия низ ба тарафдорӣ аз режими виза бо Осиёи Миёна дар сомонааш изҳоротеро нашр кард, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Маҷрои муҳоҷират аз Осиёи Миёна ба Русия сол то сол густариш меёбад. Муҳоҷирон ба маоши ночизу шароити мудҳиши кор розианд, ки ин бозори нерӯи корӣ дар худи Русияро ба ҳам мезанад. Зиндагӣ дар шароити нимағуломӣ бисёри муҳоҷиронро ба домани гурӯҳҳои ҷиноӣ тела медиҳад. Ҷамъиятҳои бастаи муҳоҷирон бо ҷомиаи Русия ҳамоиш намеёбанд ва байни шаҳрвандони Русияву муҳоҷирон садди иқтисодиву фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ ба вуҷуд меояд... Аз ин рӯ, Шӯрои ҳамоҳангсози оппозисиюни Русия хостори лағви билофосилаи режими бидуни виза бо Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.”

“Масъалаи виза расман матраҳ нест”

Ҳамасола то 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон худро дар ҷустуҷӯи кору маоши беҳтар ба Русия мезананд. Ин мардум танҳо дар соли 2012 ба ватан 3,8 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Бино ба омори Бонки ҷаҳонӣ, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кишвари дунё чунин вобастаи пули муҳоҷиронаш нест, ки Тоҷикистон. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Аз ин рӯ, талаби ҷорӣ кардани виза байни Русияву кишварҳои Осиёи Миёна мояи нигарониҳое дар Тоҷикистон шудааст ва бисёриҳо тарс доранд, ки виза роҳи бозори кори Русияро ба рӯи мардикорони тоҷик хоҳад баст.

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт: “Ин чиз дар сатҳи расмӣ ягон маротиба матраҳ нашуда буд. Фақат дар паёми раисиҷумҳури Русия масъалаи ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷӣ гуфта шуда буд. Ин мушкиле надорад, чунки мо алакай шаҳрвандонамонро шиносномаи хориҷӣ дода истодаем, ки вақте Русия мераванд, мушкилӣ эҷод нашавад барояшон. Лекин масъалаи виза то ҳол дар сатҳи расмӣ нест.”


Қартаи бозӣ дар остини Маскав

Русия ба сифати қудрати минтақавӣ ва нуфузҷӯ дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои зиёди геополитикӣ дорад ва ҳоло дар ин қаламрав, ба фарқ аз яккатозиҳои замони Шӯравиаш, бо қудратҳои нерӯманде, чун Чину Эрон ва Ғарб, вориди рақобат шудааст. Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар чунин шароит Маскав бо ҷорӣ кардани виза давлатҳои муттаҳидаш дар Осиёи Марказиро аз худ дуртар ва табъан бо дасти худ ба домани рақибонаш тела нахоҳад кард.

Аз сӯи дигар, марзҳои ба сурати умум бози Қазоқистону Русия кишварҳои поёнтар, бахусус Тоҷикистонро ба як буфери ҳанӯз ивазнашаванда ва барои Маскав ҳаётан лозим барои бастани маҷрои сели маводи мухаддир ва тундгароии мазҳабӣ аз он сӯи Омӯ табдил додааст ва ба бовари нозирони умур, гумон аст, ки Маскав дар чунин вазъ ба ҷорӣ кардани виза риск кунад ва “ошноҳо”-яш дар минтақаро бегона гардонад.

Абдунаби Сатторзода, таҳлилгари тоҷик.

Абдунаби Сатторзода, таҳлилгари тоҷик.

Бисёри таҳлилгарон бар инанд, ки ҷорӣ кардани виза барои муҳоҷирон як қартаи суннатии бозӣ дар дасти Маскав аст, ки гоҳу ногоҳ ин қартаро ба хотири таҳмили хостҳояш ба давлатҳои Осиёи Марказӣ аз остин берун мекашад.Таҳлилгар ва муовини пешини вазири хориҷаи Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд:

“Русия ҳеҷ вақт дар ягон кораш ҷиддӣ набуд, аз ҷумла дар сиёсати хориҷиашу дар масъалаи муҳоҷират. Онҳо ба дасти кор эҳтиёҷ доранд. Бино бар ин, ин ҳама таҳдидҳо ба қавли тоҷикӣ, нӯлпоккунист. Ҳамин гуна як тарсонданӣ ҳастанд, фишор оварданӣ ҳастанд, вале дар таги дил ҳеҷ вақт ин корро кардан намехоҳанд. Русия ҳамеша ин корро мекард ва ин як механизми бисёр муассир ҳам ҳаст: фишор овардан ва хотҳои худро бо ин роҳ баровардан.”

Виза хеле беҳтар аз ғуломист

Аммо Каромат Шарифов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия мегӯяд, аз он ҳоли ғуломие, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар инҷо доранд, батадриҷ ҷорӣ шудани виза бо Русия беҳтар аст, ки ҳадди ақал як чатри ҳимояти қонуниро болои сари ин мардуми беҳуқуқ баланд карда, мақомоти тоҷикро низ ба масъулиятшиносии бештар таҳрик хоҳад дод: “Бисёри шаҳрвандони мо бо виза дар Аврупоянд, ё дар Иморот. Озод мегарданд бо сари баланд, ҷои хоби хуб доранд. Ин муҳоҷирони моро аз ғуломӣ мебарорад. Ҳоло раҳбарони давлати мо парво надоранд, чунки мебинанд, ки пул омада истодааст. Мо аз виза бурд мекунем! Дар ин сурат мо медонем, ки фарзанди мо баъди 10 ё 11 моҳ пеши хонаводааш бармегардад. Чӣ, мо бояд як умр аз Русия хӯрем? Тарсидан лозим нест. Ин ҷавобгарии раҳбарони Тоҷикистонро зиёдтар мекунад. Раҳбарон маҷбур мешаванд, ки кор кунанд.”

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мавзӯъи ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои пасошӯравӣ дар Русия ҳанӯз аз авоили солҳои 90 ҳамеша матраҳ мешуд, вале асосан аз забони сиёсатмадорони алоҳида ва гурӯҳҳои қавмгаро. Мавҷи нави чунин талабҳоро ҳизби қавмгарои миллӣ-демократии Русия 30 январ бо маъракаи ҷамъоварии 100 000 имзои лозим барои ироаи тарҳи чунин қонун ба парлумони Русия оғоз гузошт. Аммо вақте аз раиси ин ҳизб Константин Крилов хостем, ки дидгоҳаш дар масъалаи ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро шарҳ бидиҳад, ӯ аз сӯҳбат бо Озодӣ худдорӣ кард: ”Инҷо чунин нафаре нест, ки ба ин суоли шумо посух диҳад.”

Русия феълан бо 9 кишвари пасошӯравӣ – Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон - виза надорад. Низоми раводид миёни Русияву кишварҳои пасошӯравии соҳили Балтик – Литваву Латвия ва Эстония – баъди вуруди онҳо ба минтақаи Шенген ҷорӣ шуд. Маскав ҳамин тавр, дар соли 2007 бо ҳадафи муҷозоти давлати саркаши Михаел Саакашвилӣ равуои бидуни визаро барои атбои Гурҷистон лағв кард. Аммо танҳо кишваре ки худ ва ҳам ҳанӯз дар поёни солҳои 90 аз равуои бидуни виза бо Русия даст кашид, Туркманистон будааст.

Дар поёни соли 2011, вақте дар Русия дар пасманзари моҷарои боздошти халабонҳои рус дар Тоҷикистон ҳам масъалаи ҷорӣ кардани виза матраҳ шуда буд, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский гуфт, “бо таваҷҷӯҳ ба эҷоди паҳнои АвроОсиё ва бо таваҷҷӯҳ ба ҳаракати мо ба сӯи эътилоф бо Осиё дар бораи ҷорӣ кардани виза бо ин кишварҳо танҳо нафаре метавонад сӯҳбат кунад, ки дониши казоӣ надорад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG