Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Семинари УЕФА дар Бишкек


Фирдавс Файзуллоев - дабири кулли ФФТ

Фирдавс Файзуллоев - дабири кулли ФФТ

Имрӯз, 12-уми феврал дар Бишкек семинари УЕФА (Созмони футболи Аврупо) бахшида ба рушди футболи кӯдакону наврасон ба кори худ шурӯъ кард.

Дар ин семинари дурӯза дабирони кулл ва намояндагони федератсияҳои футболи Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат доранд.
Тоҷикистонро дар ин семинар ду нафар – Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи байналмилалии ФФТ, намояндагӣ мекунанд.

Дар семинар намояндагони УЕФАПаскал Торрес (мушовири раис), Андре Бодер (мушовир оид ба лоиҳаҳои таълимӣ) ва Робин Рассел (мушовири техникӣ) ҳузур доранд.
Масъулони футбол масоили ҳалталаб ва пешомади рушди футболи кӯдакону наврасонро дар минтақа баррасӣ намуда, инчунин, дар бораи вазъи кунунӣ дар кишварҳои худ иттилоъ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG