Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солрӯзи беёдбуди "Баҳманмоҳи хунин"


23 сол пеш дар пойтахти Тоҷикистон тазоҳуроти зидди ҳукумат ба хушунатҳое печид, ки 25 кушта ба ҷой гузошт.

Дар ин 23 сол таҳқиқи рӯйдодҳои феврали соли 1990, мавсум ба “баҳманмоҳи хунин”, то охир расонда ва натиҷаҳои он эълон нашудааст. Ду сол баъд аз ин воқеаҳо Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ афтод ва бо ин идомаи пажӯҳиши парвандаи “баҳманмоҳ” қатъ гардид.

Бо вуҷуди ин ҳар сол дар ин айём шаҳрвандони Тоҷикистон, расонаҳои ҳамагонӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ рӯйдодҳои соли 1990-ро дар ҳоле ёдрас мешаванд, ки мақомоти расмӣ дар робита ба ин солрӯз изҳороте намедиҳанд. Ёдбуди расмии рӯйдодҳои хунин танҳо як дафъа дар соли 1991 баргузор гардида, барои гиромидошти хотираи қурбониёни он санги ёдмон гузошта шуд. Аммо як сол баъд бо қарори ҳукумат ин санг барчида ва ёдбуди расмии воқеаҳои феврали соли 1990 беэътибор эълон шуд.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ ҷузъиёти рӯйдодҳои феврали соли 1990-ро бозгӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG