Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварони даври дувуми Ҷоми раиси АФК-2013 эълон шуданд


Конфедератсияи футболи Осиё доварони даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси АФК-2013-ро, ки 12-ум ва 13-уми март баргузор мешавад, эълон кард.

Ба бозии даври дувуми гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон) ва «Риффа»-и Баҳрайн, ки рӯзи 12-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд, соати 15:00 шурӯъ мешавад, гурӯҳи доварон аз Туркманистон таҳти раҳбарии Чоримурод Қурбонови 35-сола хидмат мерасонанд.

Ба ӯ доварони марзи майдон Игор Барабаш ва Сапармамет Гурбанов кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Алибек Сапаев мебошад. Ту Хилианг аз Чин комиссари ин бозӣ таъин шудааст.

Сардовари бозии даври дувуми гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Ал-Шорта»-и Сурия ва «Равшан»-и Кӯлоб (қаҳрамони Тоҷикистон) Мухтор Солеҳ Алӣ Ал-Яримии 41-сола, довари ФИФА аз Яман мебошад. Дарвоқеъ, ӯ соли гузашта дар Малайзия бозии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиёро миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Баҳрайн ҳакамӣ кардааст. Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.

Ба ҳайси лайнсменҳо ё доварони марзи майдон Баҳзиум Абдулҳодӣ Алӣ-Носир (Яман) ва Камол Заед Довуд Салмон (Аморати Муттаҳидаи Араб) хидмат мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Ҳошими Ҳамад Аҳмад Абдулло Бин Алшайх (АМА) ба ӯҳда дорад. Моҳ Муборак Ал-Моҳаннадӣ аз Қатар комиссари ин бозӣ мебошад.

Бозӣ миёни дастаҳои «Ал-Шорта» ва «Равшан» ба иллати нооромӣ дар Сурия, дар майдони бетараф – варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммади шаҳри Эз-Заркаи Урдун, ки ғунҷоишаш 17 ҳазор тамошогар аст, доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии “Равшан” дар Ҷоми АФК-2013 бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун 6-уми март, соати 15:00 дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барпо мегардад. Доварони ин бозӣ аз Узбакистонанд. Сардовар Владислав Тсейтлин, ёварони ӯ – Ҷаҳонгир Саидов ва Ҳусниддин Шодмонов, довари эҳтиётӣ Азиз Осимов таъин шудаанд. Комиссари бозӣ Муҳаммадризо Касроӣ аз Эрон мебошад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” бошад, аввалин бозиашро дар Ҷоми АФК-2013 бо дастаи “Сафо”-и Лубнон рӯзи 5-уми март дар Бейрут анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG