Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико берун бурдани таҷҳизоти низомиаш аз Афғонистонро оғоз кардааст.

Мақомоти амрикоӣ ва покистонӣ мегӯянд, берун бурдани ин таҷҳизот аз масири Покистон, рӯзҳои шанбе ва якшанбе оғоз шудааст.

Маркус Спейд, сухангӯи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, 50 контейнери муҳимоту лавозимоти ҷангиро рӯзҳои шанбеву якшанбе ба Покистон интиқол додаанд.

Гюнтер Катз, сухангӯи ISAF дар Кобул ин мавзӯъро таъйид намуд, аммо дар мавриди шумораи дақиқи ин контейнерҳо чизе нагуфт: "Бале ман инро метавонам таъйид кунам. Агар кӯтоҳ бигӯям, аввалин бахш аз контейнерҳо дар ҳоли интиқол додан ҳастанд, шумораи дақиқро намедонам.”

Амрико ва нерӯҳои НАТО бахши аъзами муҳимоти ҷангӣ ва лавозимот барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро тайи 11 соли гузашта аз тариқи Покистон мерасонд. Баъди ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар як ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ дар моҳи ноябри соли 2011, Покистон роҳи асосии транзитӣ барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро баст. Исломобод ин роҳро замоне дубора боз намуд, ки Вошингтон аз ҳодисаи кушта шудани ин 24 сарбоз, аз Покистон узрхоҳӣ намуд.

Дар марҳилае, ки роҳи Покистон ба рӯи корвонҳои НАТО баста буд, Амрико аз роҳи дуртар ва қиматтари шимоли Афғонистон, яъне аз тариқи Осиёи Миёна ва Русия барои интиқоли таҷҳизоташ истифода мекард.

Вале то кунун маълум нест, ки чӣ боиси таъхири Амрико дар истифода аз роҳи Покистон барои берун бурдани таҷҳизоти низомиаш аз Афғонистон шуд. Таҷҳизоти низомии Амрико аз бандари Карочӣ ба Амрико мунтақил хоҳанд шуд.

Аз моҳи июли соли гузашта ба ин тараф, баъд аз он ки Исломобод ин роҳро дубора боз кард, мавҷе аз мошинҳои борбари тадорукотии НАТО вориди Афғонистон шудаанд.

Ато Муҳаммад, як мақоми бахши интиқолот гуфтааст, 25 контейнер рӯзи шанбе аз қароргоҳи низомии Амрико дар Қандаҳор, аз гузаргоҳи марзии "Чаман" вориди Покистон шуданд. 25 контейнери дигар рӯзи якшанбе аз гузаргоҳи марзии "Турхам" ба Покистон расиданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳанӯз ҳам дар Афғонистон 66 ҳазор сарбози дигар дорад, ки ин шумора қаблан ба 100 ҳазор мерасид. Бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ҳудуди 50 ҳазор мошини низомии амрикоӣ ва 100 ҳазор контейнери оҳанӣ, ки ҳар кадом ҳудуди шаш метр дарозӣ доранд, низ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. 40 ҳазор сарбози кишварҳои дигар низ қарор аст таҷҳизоти низомиашонро аз Афғонистон берун бибаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG