Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро "десант" дигар десант нест?


Наврӯз, ки миёни сокинони Кӯлоб ҳамчун "Десант" машҳур аст.

Наврӯз, ки миёни сокинони Кӯлоб ҳамчун "Десант" машҳур аст.

Аз марде, ки дар хиёбонҳои Кӯлоб бо бардоштани зарфҳои зиёди плостикии обдор гаштугузор мекунад, «Десант» ном мебаранд.

Номи аслии ӯ Наврӯз аст ва ба гуфтаи наздикон воқеан, ӯ замоне десант, яъне хидматчии нерӯҳои вижаи ҳарбии Иттиҳоди шӯравӣ дар Афғонистон будааст. Пас аз хатми хидмати ҳарбӣ дар Афғонистон, ӯ солимии равониашро аз даст дод.

Аз «десантӣ»-и ӯ танҳо ҳамон роҳгардии ҳарбиёнааш боқӣ мондааст. Бо касе ҳарф намезанад ва хомӯшона пайи анҷоми кори худ аст. Кори ӯ бо зарфҳои зиёди плостикӣ дар пушт барои ошхонаҳо дар рӯзҳои беобӣ аз масофаи дур об кашонидан аст.

Ҳанифамоҳ, корманди ошхонаи «Ҳоҷиён»-и шаҳри Кӯлоб, ки «Десант» барои онҳо ҳам об мекашонад, мегӯяд, ӯ то чанд соли пеш аз даҳшатҳои ҷанги Афғонистон қисса мекард, аммо давоми ду се соли ахир дигар ҳеҷ чизро ба ёд надорад ва ҳарф ҳам намезанад. Ӯ бар ивази обкашонӣ танҳо шикамашро сер Алихон Шарифов, аз иштирокчиёни ҷанги Афғонистон.

Алихон Шарифов, аз иштирокчиёни ҷанги Афғонистон.

мекунад ва дигар аз касе чизе талаб надорад. Даҳшати ҷанги Шӯравӣ алайҳи Афғонистон ба мисли ин мард садҳо нафари дигарро аз лиҳози равонӣ маъюб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Иттиҳодияи ҷамъиятии собиқадорони ҷанги Шӯравӣ алайҳи Афғонистон, ки ба тозагӣ дар Кӯлоб таъсис ёфтааст, мегӯянд, тоҷикони иштирокчии ин ҷанг аксаран осеби рӯҳӣ бардоштаанд.

Алихон Шарипов, яке аз созмондиҳандагони ин Иттиҳодия мегӯяд, аксари иштирокчиёни ҷанги Афғонистон аз имтиёзҳои мавҷуда бархӯрдор нестанд ва дар бисёр ҳолат онҳо бо далели надоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, иштирокчии воқеии ин ҷанг қабул намешаванд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Шарипов, дар ин ҷанги даҳшатнок, аз ҳама беш тоҷикон осеби равонӣ дидаанд.

Ҷаноби Шарипов гуфт: «Дар ин ҷанг бештар тоҷикон ҷароҳати рӯҳӣ бардоштанд. Аз ҳарду тараф барои онҳо садои гиряву фиғон шинос ба гӯш мерасид. Дар он ҷо бо забоне мегиристанд ва алами дил мекарданд, ки барои мо шинос буд. Аз ин тараф ҳам вақте тоҷике ё рус мефавтид ва ё ҷароҳат мебардошт, мо хеле ба дил наздик қабул мекардем. Ҳар рӯз мурдаву куштор буд, ки ин албатта ба ҳолати рӯҳии иштирокчиёни ҷанг бетаъсир намемонад.»

Ин иттиҳодияи тозатаъсис талош дорад, то ҳама имтиёзҳои иштирокчиёни ҷанги Шӯравӣ алайҳи Афғонистон барқарор гардад.

Бархе аз иштирокчиёни ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон ба ин гуфтаҳо, ки аксари иштирокчиёни ин ҷанг осеби рӯҳӣ дидаанд, розианд. Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ дар Кӯлоб, ки дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ фаъолият доштааст, мегӯяд, яке аз омилҳои зарбаи равонӣ дидани иштирокчиёни ин ҷанг аз муҳити Тоҷикистони ором, якбора ворид кардани ҷавонон ба муҳити ҷангии Афғонистон буд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, дар ҷанг силоҳҳои кимиёвӣ истифода шудааст, ки ба сиҳатии ҳам сокинон ва сарбозон таъсир расонидааст:

Ҷумъахон Алимӣ, тарҷумони низомӣ дар ҷанги Афғонистон

Ҷумъахон Алимӣ, тарҷумони низомӣ дар ҷанги Афғонистон

«Бо ҳар нафаре, ки дар Афғонистон буд, сӯҳбат мекунӣ, ин чиз маълум аст ва ба ҳолати равонии иштирокчиён ин ҷанг таъсир расонидааст. Пас аз ҷанг шоҳид будам, ки даҳҳо нафар худро табобат мекарданд. Ин мардум агар мушоҳида кунӣ хеле ҳассос гаштаанд ва аз дигар сокинон фарқ мекунад. Онҳо ҳанӯз ҳам парешонҳоланд ва як сӯҳбат маълум мекунад, ки ӯ зиёни рӯҳӣ дидааст.»

Бад ин тартиб Алихон Шарипов, яке аз таъсисдиҳандагони Иттиҳодияи собиқадорони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон мегӯяд, ба президенти Русия низ мактуб хоҳанд кард, то ҳамчун вориси Шӯравӣ ба иштирокчиёни тоҷики ин ҷанг ҳади ақал дар самти табобату истироҳат дар осишгоҳҳои ин кишвар имтиёз диҳанд.

Аз Тоҷикистон дар ин ҷанг беш аз даҳ ҳазор сокини Тоҷикистон ба ҳайси афсару сарбоз ва тарҷумони ҳарбӣ хидмат кардаанд. Ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон бо вуруди артиш дар соли 1980 оғоз ва бо хуруҷи он дар 15-уми феврали соли 1989 ба поён расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG