Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи душанбе ҷараёни баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо рӯзномаи «Имрӯз News»-ро пушти дарҳои баста баргузор кард.

Пас аз 20 дақиқаи оғози мурофиаи додгоҳии Рустам Ҳукумов - писари раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо рӯзномаи «Имрӯз News», Шерзод Низомов қозии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯзноманигорон тақозо кард, ки толорро тарк кунанд ва ҷараёни додгоҳ паси дарҳои пӯшида идома ёфт.

Гулчеҳра Холматова, вакил мудофеи рӯзномаи «Имрӯз News» дар сӯҳбат бо «Озодӣ» норозигии хешро аз ин қарори додгоҳ иброз дошт ва гуфт, ки додгоҳ барои ҷараёни пӯшидаи додгоҳ ҳеҷ асосе надорад.

Ба таъкиди хонум Холматова, дар мавриди боздошт шудани Рустам Ҳукумов дар Русия аввал матбуоти Русия хабар дод ва танҳо баъд аз ин дар рӯзномаи «Имрӯз News» матлабе бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» нашр шуд, ки дар он аз маводи расонаҳо низ истифода шудааст ва ҳеҷ сирри пӯшидае дар он вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», чанде қабл рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад. Номбурда аз рӯзномаи “Имрӯз News” 50 000 сомонӣ талаби ҷуброн кард ва ҳамчунин аз додгоҳ хост, то даъвои ӯро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.

Дар посух Назири Нусрат, ки на танҳо сардабири «Имрӯз Нюс», балки муаллифи мақолаи мавриди баҳс низ аст, гуфта буд, ки дар навиштаи ӯ шаъни касе паст зада нашудааст ва фактҳоеро ба таҳлил кашидааст, ки дар даҳҳо расонаи ахбори ом нашр шуда, ба ҳамагон маълум будаанд.

Нусрати Назир, муаллифи матлаби "Боқиев ва Ҳукумов:писароне, ки "дарди сар"-и падар шуданд"

Нусрати Назир, муаллифи матлаби "Боқиев ва Ҳукумов:писароне, ки "дарди сар"-и падар шуданд"

Сухан аз мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» бармеояд, ки 16 октябри соли 2012 дар рӯзномаи «Имрӯз Нюс» чоп шудааст. Дар он зимни боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешавад, ки қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, сарвари «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода шуда буд.

Рустам Ҳукумов соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин иттилоъ дастраси расонаҳо набуд ва бино ба матлаби «Имрӯз Нюс», ҳамчун «қартае» дар дасти Маскав пинҳон меистод. Аммо пас аз як сол дар пайи қазияи халабонҳои рус, ба навиштаи рӯзнома, Маскав ин «қарта»-ро боз кард. «Ба бозӣ даровардани ин қарта, қазияи халабонҳоро ба манфиати Маскав ҳал кард» - навишта буд рӯзнома.

Халабонҳои рус моҳи декабри соли 2012 озод шуданд, аммо номи Рустам Ҳукумов пас аз як моҳ - январи соли 2012 дар сархатти расонаҳои Русия қарор гирифт, ки гуфта мешуд, бо қарори додгоҳ озод шудааст ва ҳамзамон писари Амонуллоҳ Ҳукумов, сарвари Роҳи оҳан ва хешованди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мешуд.

Қаблан Назири Нусрат зимни сӯҳбате ба радиои «Озодӣ» гуфта буд, «мо намегузорем, ки додгоҳ ба таври пӯшида сурат гирад, чун чизе, ки ошкор асту ҷомеа дар борааш медонад, бигзор ошкору рӯйрост бошад. Мо намегӯем, ки пӯшида будани ҷараёни мурофиа ба манфиати мо нахоҳад буд, аммо мо мехоҳем, ки он чӣ ки даъвогар мегӯяд, ба ҷомеа ҳам маълум бошад. Ҷомеа ҳам донад, ки ҷавобгар чизе барои пинҳон кардан надорад.»

Аммо ҳамакнун маълум гардид, ки додгоҳ талаби рӯзноманигорро ба инобат нагирифт ва баррасии қазия пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG