Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар кони Русия 18 ангишткан ҷон бохтаанд


Даромадгоҳи кони "Воркутинская"

Даромадгоҳи кони "Воркутинская"

Вазорати умури дохилаи Русия гуфт, бар асари таркиш дар як кони ангишт дар минтақаи шимолии Комӣ 18 ангишткан ҳалок шуданд. Аҷсоди ин 18 нафарро дар пайи таркиши субҳи душанбе аз кони Воркутинская берун кашидаанд. Наҷотбахшон ҷустуҷӯи ангишканҳоеро, ки зери овори кон мондаанд, идома медиҳанд.
Мақомот гуфтанд, ки ба хонаводаҳои қурбониён то 67 000-долларӣ ҷуброн пардохт хоҳанд кард. Пётр Лобанов, сухангӯи вазорати ҳолоти изтирории Русия дар Ҷумҳурии Комӣ гуфт: “Бино ба иттилоъи аввалия, таркиши гази метан дар умқи 800 метр рух дод. Дар вақти ҳодиса 259 нафар кор мекарданд. 23 нафари онҳо бевосита дар маҳалли таркиш будаанд.”
Метан дар як кони марбут ба «Северстал», яке аз бузургтарин ширкатҳои фӯлодгудозии Русия, таркидааст. Ҳодисаҳои муҳлик дар конҳои ангишти Русия ба иллати беэҳтиётӣ ва нақзи қоидаҳои амниятӣ зиёд рух медиҳанд. Дар қиболи қазияи имрӯза низ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG