Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Игор Шувалов ба таъхир гузошта шуд


Сафари муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ва ба ин тартиб, иҷлосияи навбатии куммиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки қарор буд, рӯзи 13 феврал барпо шавад, зоҳиран то моҳи апрел ба таъхир уфтодааст. Манобеъи «Азия Плюс» гуфтаанд, зоҳиран далели таъхир ҳаллношуда боқӣ мондани як силсила масоиле, чун қарзи ҷамъшудаи «Барқи Тоҷик» аз нирӯгоҳи русии Сантӯдаи як аст, ки бояд дар ин иҷлосия баррасӣ мешуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, таърихи нави сафари Шувалов ба муҷарради ҳалли ин масоил эълон хоҳад шуд. Аз сӯи дигар ду созишномаи муҳими байни Тоҷикистону Русия – дар мавриди лағви боҷи гумрукии маводи сӯхт ва муҳоҷират- ки ибтидо мебоист зимни сафари Шувалов имзо мешуд, алакай дар ҳафтаи гузашта дар Маскав ба имзо расид ва ба гуфтаи як манбаъи дигари «Азия Плюс», ин зарурати баргузории ҷаласаи куммиссиюни ҳамкориро аз байн бурд.
XS
SM
MD
LG