Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оинномаи Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои ЭКО тасвиб шуд


Ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, 11 феврал дар шаҳри Исломободи Покистон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини раиси парлумони Ассамблеяи миллии Покистон хонум Дония Азиз дидору мулоқот анҷом дод. Хонум Дония Азиз узвияти Тоҷикистонро дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷиҳати тақвияти фаъолиятҳои гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои ин созмон такони тозае унвон кард.

Ҳамчунин, Шукурҷон Зуҳуров зимни баргузории як нишаст бо иштироки сарварони баландпояи парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оинномаи Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои ин созмонро, ки аз 11 модда иборат аст, ба имзо расонид.
Ҳамакнун, бар асоси ин оинома конфронси Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мешавад.

Баъди имзои ин санад раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар назди ҳозирон суханронӣ кард ва изҳори умед намуд, ки ба имзо расидани оиномаи Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар рушди минбаъдаи муносибатҳои самараноки тиҷоратӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, сафари расмии раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров фардо 12 феврал дар Исломобод идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG