Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус қарордоди лағви СССР-ро “гум” кардааст


Леонид Кравчук (Украина), Станислав Шушкевич (Беларус) ва Борис Елтсин (Русия) пас аз имзои қарордоди таъсиси ИДМ. 8 декабри соли 1991.
Леонид Кравчук (Украина), Станислав Шушкевич (Беларус) ва Борис Елтсин (Русия) пас аз имзои қарордоди таъсиси ИДМ. 8 декабри соли 1991.
Беларус созишномаеро, ки бар асоси он Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусёлистӣ ё СССР дар соли 1991 бекор карда шуд, гум кардааст. Дар ин бора шахсе хабар дод, ки дар зери ин қарордод аз номи Беларус имзо гузоштааст.

“Созишномаи Беловеж”, ки 8-уми декабри соли 1991 дар бешаи Беловежи Беларус аз тарафи сарони Русия, Беларус ва Украина ба имзо расид, СССР-ро ба ҳам зада, дар ҷои он Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро таъсис дод.

“Ман ҳоло хотираҳоямро менависам ва мехостам, аз ин ҳуҷҷат нусхае гирам, вале маълум шуд, он дар бойгонӣ вуҷуд надорад,” – мегӯяд президенти пешини Беларус Станислав Шушкевич, ки дар баробари раҳбарони Украина Леонид Кравчук ва Русия Борис Елтсин ин қарордодро имзо карда буд.

Бино бар хабари “Франс-Пресс”, дар бойгонӣ ба раисиҷумҳури собиқ фотонусхаи русии созишномаро додаанд ва гуфтаанд, нусхаи асл дар Минск мавҷуд нест. Шушкевич бар ин аст, ки касе нусхаи аслро рабудааст, то бо нархи гарон ба фурӯш гузорад. “Ман ҳатто тахминан медонам, ки ин кори дасти кист,” – гуфт Шушкевич, аммо аз бурдани ҳар гуна ном худдорӣ намуд.

Шушкевич, рақиби пешгоми раисиҷумҳури феълӣ, Аляксандр Лукашенко, гуфт, нусхаи аслии созишнома бояд дар бойгонии Вазорати умури хориҷии Беларус нигаҳдорӣ шавад. Вай афзуд, нусхаи асл барои ҳар яке аз тарафҳо ба забони онҳо навишта ва имзо шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Беларус, Андрей Савиних, тасдиқ кард, ки нусхаи аслии созишнома ёфт нашудааст. Вай гуфт: “Мо бояд ҳамаи бойгониҳоро тафтиш кунем, ки чаро ин тавр шудааст ва созишнома куҷост.” Вай таъкид кард, ки бо вуҷуди гум шудани нусхаи аслии қарордод, эътибори қонунии он боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG