Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патрисия Флор имрӯз ба Душанбе омад


Патрисия Флор
Патрисия Флор
Патрисия Флор, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ зимни барномаи сафари худ дар Тоҷикистон, дар нимаи аввали 11-уми феврал бо мақомоти Вазорати хориҷа, Вазорати адлия ва Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот намуда, масоили густариши ҳамкориҳои мақомоти Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ намуд.

Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи душанбе ба "Озодӣ" гуфт, ки қарор аст дар нимаи дуввуми рӯзи душанбе мулоқоти фирстодаи вижаи ИА Патрисия Флор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад. Интизор меравад дар ин мулоқот роҳҳои амали намудани стратегияи Иттиҳодия Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва имконияти тақвият бахшидани имтидоди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ шавад

Хонум Флор, ки дар тобистони соли гузашта Пер Морелро дар мақоми фиристодаи ИА иваз кард, моҳи июли соли гузашта бори аввал аз Тоҷикистон боздид карда буд. ИА аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 570 миллион евро ёриҳои мухталиф расондааст.
XS
SM
MD
LG