Пайвандҳои дастрасӣ

Маросим 55-уми эътои ҷоизаҳои Grammy


Mumford & Sons бо ҷоизаи Grammy

Mumford & Sons бо ҷоизаи Grammy

Албоми "Babel"-и гурӯҳи роки бритониёии Mumford & Sons дар маросими 55-уми эътои ҷоизаҳои Grammy дар Лос-Анҷелес ҷоиза барои беҳтарин албоми солро ба даст овард. Ҳунарманди белгияву австралиягӣ Готйе барои таронаи “Somebody That I Used to Know” , ки якҷо бо навозанда Кимбра аз Зеландияи нав иҷро шудааст, ҷоизаи беҳтарин забти соли 2012-ро соҳиб шуд.
Таронаи "We Are Young"-и гурӯҳи Fun аз Ню-Йорк беҳтарин таронаи сол эътироф шуд. The Black Keys ҷоизаи беҳтарин албоми рок ва Drake ҷоизаи беҳтарин албоми рэпро ба даст оварда, овозхони собиқи Beatle’s Пол МакКартниро барои албоми "Kisses on the Bottom" бо ҷоизаи Grammy барои беҳтарин албоми мусиқии попи сол сарфароз гардонданд. Grammy аз мӯътабарин ҷоизаҳои мусиқии дунёст, ки аз сӯи Академияи миллии улум ва ҳунарҳои сабтии Амрико дода мешавад.
XS
SM
MD
LG