Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия воридоти гӯшти амрикоиро манъ кард


Геннадий Онишенко

Геннадий Онишенко

Қарори Русия ҷиҳати манъи воридоти гӯшт аз Амрико аз имрӯз ба иҷро медарояд. Хадамоти байториву беҳдоштии Русия дар авоили моҳ эълон кард, ки азбаски тавлидкунандагони амрикоӣ тақозои онҳо дар мавриди ироаи санаде, ки аз рактопамин орӣ будани гӯшти гову хук ва мурғи марҷонашонро иҷро накарданд, воридоти гӯшт аз Амрико манъ хоҳад шуд.
Рактопамин як навъ хӯриши изофист, ки барои фарбеҳ кардани чорво истифода мешавад. Сардухтури беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко рӯзи душанбе гуфт, Маскав ин таҳримашро танҳо замоне ки Амрико содироти гӯшти дорои рактопаминро қатъ кунад, хоҳад бардошт. Вале ӯ афзуд, ки ин таҳрим зоҳиран барои муддати тӯлоние боқӣ хоҳад монд. Ожонси меъёрҳои ғизоии СММ вуҷуди миқдори ками рактопамин дар ғизоро барои саломатии инсон хатарнок намешуморад, вале истифодаи он дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Чин, манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG