Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳрайн: Мухолифин тақозои ислоҳот мекунанд


Дар Баҳрайн ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифин баъд аз тақрибан ду сол дубора сари мизи музокирот нишастанд.

Ин аввалин гуфтушунид баъд аз музокироти ҷонибҳо дар моҳи июли соли 2011 аст, ки шартҳои он, ба иддаои мухолифин, аз сӯи ҳукумат одилона иҷро нашудаанд.Гуфтугӯи нав рӯзи якшанбе шурӯъ шуд ва то рӯзи чаҳоршанбе идома хоҳад кард. Ҳадаф аз музокирот – ҳалли низоъ миёни ҳокимони сунниву ғарбгарои Баҳрайн ва шиамазҳабҳои кишвар аст. Дар Баҳрайн теъдоди шиаҳо бузургтар аст ва онҳо талаб доранд, ки сулолаи ҳоким аз нуфуз бар қудрат даст бардорад ва ҳукумате ташкил шавад, ки дар он шиаҳо низ мақомҳои калидӣ дошта бошанд.

Баҳрайн кишвари кучаки арабист, ки дар се ҷазираи нисбатан бузург ва чанд ҷазираи хурди Хапиҷи Форс ҷойгир шудааст. Ҳамсояи наздиктаринаш Арабистони саудӣ аст - ду кишварро 16 километр ҳарими баҳрӣ ҷудо мекунад. Баҳрайну Арабистони Саудӣ тавассути купруки азим бо ҳам пайваст шудаанд. Дар Баҳрайн бузургтарин дар Халиҷи Форс пойгоҳи низомии ИМА мустақар аст.

Нооромиҳо дар Баҳрайн бо талаби ислоҳот тақрибан ду сол пеш – 14 феврали соли 2011, дар рӯзҳои “Баҳори араб”, шурӯъ шуданд. Кормандони амниятӣ эътирозҳои мардумиро саркӯб карданд, вале тазоҳуроти зидди ҳукумат хотима наёфт. Дар бархӯрдҳо то имрӯз беш аз 50 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳукумат ва ҳампаймонҳои арабияш дар Халиҷ эълом доштанд, ки тазоҳуроти мардум аз сӯи Эрон ташкил шудааст. Моҳи майи соли гузашта вазири умури хориҷии Баҳрайн Шайх Холид бин Аҳмад ал-Халифа Эронро расман дар он айбдор кард, ки ташаннуҷро доман мезанад ва аз паёмадҳнои ногувори ин мудохилаҳо ҳушдор дод. Аммо мухолифин ва Теҳрон робита доштанашонро рад мекунанд. Як ҳафта қабл аз даври нави музокирот мухолифин дубора бо шиорҳои зиддиҳукуматӣ ба майдон рехтанд ва дар бархӯрд бо кормандони полис чандин нафари оҳно ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳоле, ки музокирот дар як фароғатгоҳи воқеъ дар ҷануби пойтахт - шаҳри Манома идома доштанд, нерӯҳои амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз нооромиҳои нав манотиқи шианишинро таҳти назорат гирифтанд. Дар гуфтушунид 27 нафар, аз ҷумла, вазири адлия, вазири маориф ва вазири кори Баҳрайн ширкат доранд. Миёни ширкатдорон ҳашт намояндаи мухолифин, ҳашт мансабдори ҳукуматӣ ва ҳашт узви парлумон низ ҳастанд.

Дар гуфтушуниди аввал, ки тобистони соли 2011 баргузор шуда буд, ҳукумати Баҳрайн зери фишори ҳампаймонҳои ғарбияш ваъдаи ислоҳот дода буд ва аммо ислоҳоте, ки боиси коҳиш ёфтани қудрати шоҳ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи Исо Абдулраҳим, намояндаи «Муколамаи миллӣ», вазири адлия ваъдаи нашри натоиҷи гуфтушунид дар расонаҳои хабариро додааст.

Мухолифин таҳти раҳбарии ҷунбиши "Ал-Вифоқ" таъсиси салтанати конститутсионӣ зери раҳбарии нахуствазири интихобшударо талаб дорад. Нахуствазири феълии Баҳрайн Халифа бини Салмон ал-Халифа тағои шоҳ Ҳамад ибни Исо ал-Халифа аст.

Мухолифин мегӯянд, ки ҳуқуқҳои шиаҳо пайваста поймол мешаванд ва онҳо дар ҳукумат ва артиш ягон намояндаи воломақом надоранд.Мунира Фахро, узви гурӯҳи чапгарои Ал-Ваъд, мегӯяд, ки мухолифин барои баррасии дасти кам 9 пешниҳоди худ сари мизи музокирот нишастаанд.

ИМА аз баргузории гуфтушунид миёни ҳукумат ва мухолифини Баҳрайн пуштибонӣ кардаанд ва аммо ҳамзамон тайид намуданд, ки пуштибонӣ аз шоҳи Баҳрайнро идома хоҳад дод. Аз ин пештар мақомоти амрикоӣ аз бархе тасмимҳои ҳукумати Баҳрайн, аз ҷумла, лағви мақоми шаҳрвандии 31 тан аз фаъолони шиамазҳаб, интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG