Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон, омодагиро ба мавсими соли 2013-ум идома медиҳад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ», ба Радиои “Озодӣ” гуфт, “ҳоло марҳилаи дувуми омодагии даста дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода ҷараён дорад. Рӯзи 17-уми феврал мо ба Анталияи Туркия сафар мекунем ва дар он ҷо марҳилаи севум ва охирини омодагиҳо ба мавсими нав то 2-юми март идома хоҳад кард. Рӯзи 3-юми март даста барои ширкат дар нахустин бозии мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК бо тими «Сафо»-и Бейрут ба Лубнон сафар мекунад. Дар ҷараёни омодагиҳо дар Туркия мо чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳем. 19-уми феврал бо дастаи «Беса»-и шаҳри Пежаи Косово, 22-юми феврал бо тими «Оқҷетпес»-и Кокчетави Қазоқистон, 25-уми феврал бо «Иртиш»-и Павлодар (барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон-2012) ва 28-уми феврал бо дастаи «Балтика»-и Калининград аз дивизиони аввали Русия бозӣ мекунем.”

Ёдовар мешавем, дастаи “Регар-ТадАЗ”, ки дар мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дувум шуд, дар Ҷоми АФК-2013 ширкат хоҳад кард. «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Сафо» (Лубнон), «Кувайт» (Кувайт) ва «Риффа» (Баҳрайн) рақобат мекунад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” рӯзи 9-уми феврал дар бозии санҷишӣ, ки дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Голҳои «Регар-ТадАЗ»-ро Шодибек Ғаффоров, Элтон Сантос ва Комил Саидов заданд. Як голи низомиёнро Шамсиддин Қосимов ба ҳадаф расонд.

Баъди ин бозӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҳайати дастаро, ки ба Туркия сафар мекунад, эълон кард:

Дарвозабонҳо: Алишер Додов, Фарҳод Юдошев, Владимир Сисоев.

Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Фаррух Чориев, Алексей Неъматов, Акмал Сабуров, Сафар Каримов, Бахтиёр Азизов, Далер Шомуродов, Фрейтас Фабритсио.

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Расул Файзов, Сантос Элтон, Даврон Ҳабибуллаев, Сардорбек Эминов, Ария Элайҷо, Фаррухи Ҷӯрахон, Акуффо Гаршон.

Ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров, Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов, Аскар Равшанов, Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов.
XS
SM
MD
LG