Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси клуби сиёсии «Ҳукумати ояндаи Тоҷикистон» дар Маскав


Дар шаҳри Маскав маҳфили сиёсии «Ҳукумати ояндаи Тоҷиистон» таъсис ёфт. Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 11-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки намояндагони созмонҳои «Иттиҳоди точикони Русия, маркази фарҳангии «Нур», «Созмони русиягии ЭТМОС», созмони «САМАНДАР», Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, дар як ҳамоиш дар Маскав як клуби сиёсӣ таҳти унвони «Ҳукумати ояндаи Тоҷикистон» таъсис додаанд.

Ба қавли Иззат Амон, ҳамоиши ин созмонҳо 10-уми феврал баргузор шуд, ки ҳадафи он, омода кардани сиёсатмадорони ояндаи Тоҷикистон мебошад, ки метавонанд дар ҳаёти сиёсии кишвар бо пешинҳоду барномаҳои худ ширкат кунанд.

Клуби сиёсии «Ҳукумати ояндаи Тоҷикистон», ба қавли Иззат Амон, ба ҷараёни баррасии қонунҳо, фармонҳои ҳукумат ва ба сурати умум дар равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар вокуниш нишон дода, барномаҳои худро барои роҳҳалҳои масоили мухталифи кишвар, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Мувофиқи барномаи амали ин клуби сиёсӣ, дар назар аст дар моҳи марти соли равон дар Маскав як форум дар бораи ояндабинии сиёсати кишвар бо ширкати сиёсатмадорон, иҷтисоддонон, ҷомеаъашиносон баргузор кунад. Иззат Амон меафзояд, ки дар ояндаи наздик намояндагии ин клуби сиёсиро дар чанд шаҳру вилоятҳои дигари Русия таъсис хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG