Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озими Порис шуд


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 10 феврал барои иштирок дар маросими муаррифии "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013", ки 11 феврал дар қароргоҳи ЮНЕСКО барпо мегардад, бо сафари корӣ озими Порис шуд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКХ, дар доираи сафар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ифтитоҳи ин чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова мулоқот хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки 21 декабри соли 2012 Маҷмаи умумии СММ бо иттифоқи оро қатнома дар бораи "Баргузор намудани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013"-ро қабул кард, ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида буд. Мутобиқи ин қатнома 22 марти 2013 дар шаҳри Ню-Йорк баргузории Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии СММ бахшида ба "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013" ва ҳамчунин, моҳи августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба нақша гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG