Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паймони мо барои хизмат ба афғонҳо тағйир накардааст"


Генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи умумии нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон.
Генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи умумии нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон.

Генерали амрикоӣ Ҷузеф Данфорд рӯзи якшанбе ҷойнишини Ҷон Аллен шуд ва ба ҳайси фармондеҳи умумии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ба кор оғоз кард.

Дар ҳоле, ки раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои НАТО ба нерӯҳои афғон идома дорад, генерал Ҷузеф Данфорд дирӯз расман дар Кобул ба ҳайси фармондеҳи умумии нерӯҳои НАТО ва амрикоӣ дар Афғонистон оғоз ба кор кард ва ҷойнишин генерал Ҷон Аллен шуд.

Генерал Данфорд, ки аз афсарони ботаҷрибаи артиши Амрикост, ваъда додааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти низомии афғон, барои тақвияти нерӯҳои амниятии ин кишвар талош хоҳад кард.

Генерал Данфорд дар гузашта ба ҳайси муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Амрико ифои вазифа карда ва дар маъмурияти низомии ИМА дар Ироқ низ нақши муҳим доштааст.

Вай дирӯз зимни маросиме, ки ба муносибати оғози кори ӯ дар Кобул доир шуда буд, дар ҳузури мақомоти баландпояи низомии амрикоӣ ва афғон гуфт, корҳои зиёд дар Афғонистон боқӣ мондаанд, ки бояд анҷом гиранд ва ваъдаи Амрико ба мардуми Афғонистон ҳамчунон побарҷост:

«Имрӯз рӯзи тағйир нест, балки давоми маъмурияти мо аст. Он чи тағйир накардааст, иродаи мо аст, ва он чи тағйир накардааст, тааҳҳуди мо барои тақвияти нерӯҳои афғон мебошад. Тааҳҳуди мо барои анҷоми маъмурият ва хизмат ба мардуми Афғонистон тағйир накардааст.»

Генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи пешини нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар маросими дирӯз иброз дошт, ки Афғонистон ба самти дуруст дар ҳаракат аст ва дубора ба маҳалли амн барои даҳшатафканон мубаддал нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG