Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Исломобод


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 9-уми феврал дар раъси як ҳайати парлумонии кишвар, шомили вакилон Маҳмадамин Ҳисориев ва Сафаралӣ Гулов ҷиҳати иштирок дар нахустин Конфронс Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECO), ба пойтахти Покистон шаҳри Исломобод сафар кард.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ дар кори ҷаласаи шӯрои иҷроия ва конфронси якуми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ мекунад.

Баргузории конфронси мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон, омили муҳиме ҷиҳати густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои аъзо ба шумор меравад.

Интизор меравад, Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафар бо баъзе аз сарварони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот анҷом диҳад ва дар роҳи бозгашт ба ватан аз ҷумҳурии Туркия боздид ва бо тоҷирони тоҷик дар ин кишвар мулоқот намояд.

Ҳамчунин, ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Қунияи ин кишвар ташриф оварда, оромгоҳи шоир, олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро зиёрат мекунад.
XS
SM
MD
LG