Пайвандҳои дастрасӣ

Номзад Ҳайрикян таъхири интихоботро талаб дорад


Паруир Ҳайрикян-довталаби курсии президенти Арманистон

Паруир Ҳайрикян-довталаби курсии президенти Арманистон

Паруир Ҳайрикян-довталаби курсии президенти Арманистон, ки 31-уми январ тир хӯрдааст, аз Додгоҳи конститутсионии Арманистон таъхири дуҳафтаинаи интихоботи президентии 18-уми февралро талаб кард. Додгоҳ бояд дар давоми чор рӯз ба дархости ӯ ҷавоб диҳад. Қаблан Ҳайрикян гуфта буд, ки интихобот бояд тибқи нақша дар вақташ барпо шавад. Ҳайрикяни 63-сола аз китфаш маҷрӯҳ шудааст. Сабаби ҳамла болои Ҳайрикян маълум нест. Ду нафар дар иртибот бо ҳамла боздошт шудаанд, вале муфаттишони то ҳол мақсад аз ин ҳамларо ошкор накардаанд. Ҳайрикян раҳбарии ҳизби ваҳдату соҳибистилолии миллиро бар ӯҳда дошта, аз довталабҳои ҷиддии курсии раёсатҷумҳурӣ ба шумор намеравад. Пешбинӣ мешавад, ки дар интихобот президенти кунунии Арманистон Серж Саркисян ғолиб хоҳад шуд. Дар сомонаи ҳизби Ҳайрикян таъкид шудааст, ки рӯзҳои ахир беҳбуди саломатии раҳбари ин ҳизб суст шудаву Ҳайрикян маҷбур шудааст, якчанд мулоқоти муҳим ва мусоҳибаҳоро лағв намояд.
XS
SM
MD
LG