Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозҷӯии раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб


Раиси шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Абдусамади Ғайрат аз ҷониби маъмурони пулис мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ рӯзи якшанбе дар тамос ба «Озодӣ» гуфт, ки ҳодисаи бозҷӯии раиси шуъбаи ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб, 10-уми феврал дар пасманзари баргузории нишасте бахшида ба мавлуди паёмбар Муҳаммад (с) иттифоқ афтодааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, кормандони мақомоти интизомӣ ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ талош кардаанд, ки монеи баргузории ин маҳфил шаванд. Ба гуфтаи Сайфуллозода, далели онҳо ин будааст, ки аҳзоби сиёсӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо мақомот, ҳаққи баргузор кардани чунин чорабиниҳоро надоранд.

Ба дунбол маъмурони пулис раиси шуъбаи ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб Абдусамади Ғайратро ба идораи пулис бурда, мавриди бозҷӯӣ қарор доданд ва танҳо баъд аз гирифтани забонхат ӯро раҳо намудаанд.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадшариф Набиев, раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ба "Озодӣ" тасдиқ кард, ки "онҳо мехостанд як чорабинии дохилӣ бахшида ба мавлуди паёмбар Муҳаммад(с) баргузор намоянд, аммо ғайриинтизор намояндагони мақомоти иҷроия ва кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар даромадгоҳи бино монеи вуруди иштирокчиён шуданд."

Ба гуфтаи ҷаноби Набиев, "ҳатто як намояндаи маориф бо номи Ҳомидов ба мо гуфт, ки аз мушорикат дар чунин маъракаҳо хонандагону ноболиғон ҳеҷ манфиате намебинад ва беҳтараш онҳо дар мактаб хонда, ба дискоклубҳо раванд. Ҳарчанд фаҳмонидем, ки чорабинии мо аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ дорад, аммо онҳо ба ин аҳамият надоданд."

Аммо, бо вуҷуди ин, чорабинӣ бе иштироки ҷавонону ноболиғон дар як доираи маҳдуд баргузор шудааст.

Мақомоти шаҳри Кӯлоб то ба ҳол дар шарҳи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд. Танҳо навбатдорони ШКД-и Кӯлоб ва ҳукумати ин шаҳр гуфтанд, бинобар рӯзи истироҳат ва сари кор набудани масъулон, дар ин бора маълумоте ироа карда наметавонанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки беш аз 40 ҳазор аъзо дорад ва яке аз ҷонибҳои сулҳи тоҷикон дар соли 1997 маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG